Забон шоҳсутуни устувору побарҷои ҳар миллату давлат буда, он дар маҷрои пурпечутоби таъриху фарҳанги инсоният хизматҳои арзандаву шоиста кардааст. Бинобар ин, эҳтиром ва гиромидошти забон барои ҳар як қавму миллат мояи ифтихору сарфарозист.
Имрӯзҳо миллати тоҷик соҳибихтиёр ва соҳибистиқлол буда, дар баробари дигар арзишҳои миллӣ забони ниёгони бузургу арҷмандамонро сардафтари ҳастии миллат эълон намуд ва он дар Конститутсияи кишварамон ҳамчун забони давлатӣ дарҷ гардидааст.
Бояд қайд намоям, ки сабаби наҷоти забони тоҷикӣ пеш аз ҳама соҳибихтиёрии кишварамон мебошад, ки дар ин давра забони тоҷикро ҳамчун забони расмии кишвар устувор ва пойдор нигоҳ дошт.
Масъалаи ҳифзи забон ва арҷгузорӣ ба волоияти он аз умдатарин омилҳое маҳсуб меёбад, ки аз меҳру муҳаббат ва дӯст доштани он аз ҷониби соҳибзабонон сарчашма мегирад.
Ҳар фарди ҷомеа, новобаста аз мавқеи иҷтимоӣ, ҳангоми суханронӣ аз ин сарвати бебаҳо бояд чунон истифода барад, ки сомеъ аз гуфтори ӯ як ҷаҳон маънӣ бардорад. Зеро забон воситаи муҳими мубодилаи афкор дар ҷомеа мебошад.
Дар бораи аҳамияти забон ҳаминро қайд кардани ҳстам, ки фарқи байни зинда ва мурда забон, сухан аст.
Беҳтарин гавҳари ганҷинаи ҳастӣ сухан аст,
Гар сухан ҷон набувад, мурда чаро хомуш аст?
Дар баробари муҳимияти сухан тавъам будани сиёсат ва забон дар арсаи таърих аз рӯи муносибат ба халқу забони он ба давлатдории он баҳо дода мешавад. Яъне муҳим он аст, ки дар давраи идоракунии кишвар ба кадом забон коргузорӣ сурат мегирад ва чӣ эҳтиром қоил аст.
Албатта дар замони Шуравӣ эҳтироми Садриддин Айнӣ, Абулқосим Лоҳутӣ, Бобоҷон Ғафуров, Мирзо Турсунзода, Муъмин Қаноат, Лоиқ, Бозор Собир ва дигар намояндагони адабиёт мақоми забони тоҷикиро дар ҷомеа, дар дунё муаррифӣ мекард, лекин забони коргузорӣ забони русӣ буд. Чун намунаи кӯчак метавон аз номҳои тоҷиконаро ғалат навиштану талаффуз кардан ёдовар шуд.
Сиёсат будани масъалаи забонро дар замони Истиқлолияти кишвар метавон мушоҳида намуд ва дар ин маврид аз ташаббусҳои Ассосогузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баҳри ҳифз ва рушди забони тоҷикӣ чанд нуктаи муҳимро мехоҳам қайд намоям :
- 22 июли соли 1996 дар суханронии хеш Пешвои миллат ба муносибати Рўзи забон масъалаи таҳия ва тасвиби «Қоидаҳои имлои забони тоҷикӣ» - ро пешниҳод намуданд;
- бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 сентябри соли 1998 «Имлои забони тоҷикӣ» дар таҳрири нав қабул гардид;
- дар асоси Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 2008 – ум «Соли забони тоҷикӣ» эълон гардид;
- октябри соли 2009 бо қарори ҲҶТ Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис ёфт;
- соли 2009 «Фарҳанги имлои забони тоҷикӣ» дар 20 ҷузъи чопӣ (320 саҳифа) таҳия гардид;
- 5 – уми октябри соли 2009 барои арҷгузорӣ ба забони тоҶикӣ, ки арзиши волои миллӣ аст, ҳамчун Рўзи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Феҳристи ҷашнҳои миллӣ ворид гардида, ҳамасола ҳамчун рамзи худшиносиву худогоҳӣ, ифтихор аз таъриху фарҳанг ва ҳувияти миллӣ дар саросари кишвар ҷашн гирифта мешавад;
- таҳия ва тасдиқи чандин барномаҳои давлати, аз ҷумла бо қарори ҲҶТ аз 28 ноябри соли 2020, №647 «Барномаи рушди забони давлати барои солҳои «2020 – 2030» қабул гардидааст.
Ҳамчунин аз ҳафт ҳадафҳое, ки дар самти асосии марҳилаи рушди давлатдории миллӣ муайян карда шудааст, ки ин ҳадафи ҳафтум арҷгузорӣ ва эҳтироми забони давлатӣ, яъне забони зебову шево ва ширину шоиронаи тоҷикист.
Забони тоҷикӣ дар баробари дигар муқаддасоти миллии мо рамзи давлатдорӣ, ҳуввияти миллӣ, кафили мавҷудияти фарҳанги оламшумул ва мояи ифтихори мо - тоҷикон аст.
«Умри миллат ба умри забон вобаста аст», қайд кардаанд Президенти маҳбуби кишвар, ки ҳақ ба ҷониби ўст.
Забони мо дар марҳалаҳои ҳассоси таърихи халқамон ҳамеша нақши тақдирсоз бозида, аҷдоди бошарафу тамаддунсози моро аз гирдоби ҳаводиси пуртазоди асрҳои миёна то ба имрӯз эмин нигоҳ доштааст.
Ба андешаи Асосгузори сулҳу ваҳдати милли –Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон : «танҳо забон аст, ки дар ҳама давру замон таърихи воқеи ва ростини миллатро дар ҳофизаи худ нигоҳ медорад».
Қонуни забон волоияти забони давлатиро таъмин мекунад. Масъалаи покизагии забон, риояи дастур, номгузори аз масъалаҳои Ҷидди риояи қонун ва эҳтироми забони давлати мебошад. Муҳим он аст, «забон ҳамчун аслиҳаи мубориза ва рушду такомули Ҷомеа барои ҳама баробар хидмат мекунад» .
Пас аз ба даст овардани истиқлолият, забони тоҷикӣ ба забони расмии давлат табдил ёфт, ки ин ба таҳкими ҳуввияти миллӣ ва устувории давлати навини Тоҷикистон мусоидат намуд. Забони давлатӣ на танҳо ба рушди сиёсӣ ва иҷтимоии кишвар, балки ба ҳифзи арзишҳои фарҳангӣ ва таърихии он низ мусоидат мекунад.
Забони давлатӣ, ки дар ҳар як кишвар ҳамчун воситаи расмии идоракунӣ, таълим ва расонаҳои оммавӣ истифода мешавад, нақши муҳимро дар ташаккули ҳувияти миллӣ ва мустаҳкам кардани давлатдорӣ мебозад.
Ҳар миллате бо забони худ ҷаҳонбинии хоси худро меофарад, арзишҳои таърихӣ ва фарҳангии худро ба наслҳои оянда интиқол медиҳад.
Роҳбари давлат бо ишора ба аҳаммияти забони модарӣ барои ташаккули афкори миллӣ ва ҳувияти кишвар, амиқтар ба масъалаи рушди забони тоҷикӣ дар арсаи ҷаҳонӣ ва дахлпазирии он дар муносибатҳои сиёсиву фарҳангӣ низ таъкид карда, баён менамояд, ки “забони модарӣ барои мо – тоҷикон асоси ҳуввияту худшиносии миллиамон мебошад”.
Забони тоҷикӣ на танҳо ба ҳолати дохилии кишвар, балки дар равобит бо дигар кишварҳо ва дар муносибатҳои байналмилалӣ низ нақши муҳим мебозад.
Забони расмии кишвар дар таҳкими муносибатҳои сиёсиву иқтисодӣ ва фарҳангии мамлакат, ҳамчунин, дар таҳкими оромиш ва ҳамбастагӣ дар дохили ҷомеа аҳаммияти калон дорад.
Дар даврони соҳибистиқлоли, забони тоҷикӣ на танҳо як воситаи расмии идоракунӣ ва муошират, балки унсури муҳимми ҳувияти миллӣ ва фарҳангии ҷомеа ва ҳамзамон дар сиёсати дохилӣ ва хориҷии кишвар нақши боризу муассир гузоштааст.
Дар шароити рушди бемайлони ҷаҳонишавии фарҳангӣ ва сиёсӣ, рушди забони тоҷикӣ як ҷузъи стратегӣ ва қарордоди иҷтимоии давлат ва ҷомеа мебошад, ки арзишҳои миллии тоҷикон на танҳо дар дохили кишвар, балки дар арсаи байналмилалӣ ҳам пойдор боқӣ мемонад.