Таърихи миллатҳо танҳо бо солу сана ва рӯйдодҳо навишта намешавад. Таърихро шахсиятҳое менависанд, ки дар лаҳзаҳои ҳассосу сарнавиштсоз масъулияти миллатро бар дӯш гирифта, барои бақои давлат, ҳифзи шарафу номуси миллӣ ва наҷоти мардум ҷоннисорӣ…
Таърихи миллатҳо танҳо бо солу сана ва рӯйдодҳо навишта намешавад. Таърихро шахсиятҳое менависанд, ки дар лаҳзаҳои ҳассосу сарнавиштсоз масъулияти миллатро бар дӯш гирифта, барои бақои давлат, ҳифзи шарафу номуси миллӣ ва наҷоти мардум ҷоннисорӣ мекунанд.
Миллати тоҷик низ дар масири пурпечутоби таърих борҳо бо хатари аз байн рафтани давлату парокандагии миллат рӯ ба рӯ гардидааст. Вале бахти бузурги тоҷикон буд, ки дар давраи сарнавиштсоз фарзанди фарзона, сиёсатмадори сатҳи ҷаҳонӣ, шахсияти худогоҳу хирадсолор ва сулҳофар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зуҳур намуда, миллати тоҷикро аз вартаи ҳалокат наҷот доданд.
Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои миллати мо танҳо ба даст овардани як мақоми сиёсӣ набуд. Истиқлол эҳёи рӯҳи миллат, бозгашти худшиносӣ, эҳёи ифтихори миллӣ ва зиндашавии ормонҳои ҳазорсолаи тоҷикон гардид. Маҳз бо сиёсати хирадмандона ва иродаи қавии Пешвои миллат Тоҷикистон аз миёни оташи ҷанг, ноумедӣ ва парокандагӣ ба соҳили сулҳу ваҳдат расид.
Имрӯз ҳар гӯшаи ободу ороми Ватан, ҳар парчами парафшон, ҳар навои суруди миллӣ ва ҳар дастоварди ҷавонони тоҷик самари ҳамон мактаби давлатдорӣ ва ватансозиест, ки Пешвои миллат бунёд гузоштанд.
Дар баробари эҳёи давлатдорӣ, иқтисод, фарҳанг ва обрӯи байналмилалии Тоҷикистон, Сарвари давлат ба як масъалаи бисёр ҳассосу таърихӣ таваҷҷуҳи махсус зоҳир намуданд:
эҳёи хотираи таърихӣ ва арҷгузорӣ ба фарзандони фидоии миллат.
Зеро миллате, ки қаҳрамонҳои худро фаромӯш мекунад, тадриҷан рӯҳи миллӣ ва худшиносии худро низ аз даст медиҳад.
Аз ҳамин ҷост, ки дар сиёсати давлатдории Пешвои миллат гиромидошти фарзандони барӯманд, эҳтиром ба шахсиятҳои таърихӣ, эҳёи номи неки қаҳрамонони миллат ва пос доштани хизматҳои фарзандони сарсупурдаи Ватан ҷойгоҳи хос дорад.
Яке аз хизматҳои арзишманд ва таърихии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар даврони соҳибистиқлолии Тоҷикистон эҳтиром ва арҷгузорӣ ба фарзандони фарзонаи миллат мебошад. Бо ташаббус ва сиёсати хирадмандонаи Пешвои миллат хизматҳои шахсиятҳои бузурги сиёсӣ, илмӣ ва фарҳангии тоҷик аз нав эҳё гардида, ҷойгоҳи онҳо дар таърихи миллат ба таври шоиста муаррифӣ шуд.