Субҳи имрӯз, 8 августи соли 2026, дар Боғи фарҳангӣ-фароғатии "Ҷавонон"-и шаҳри Душанбе бо ибтикори Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи варзишгарони Тоҷикистон машқи пагоҳирӯзӣ ва дави саломатӣ таҳти…
Субҳи имрӯз, 8 августи соли 2026, дар Боғи фарҳангӣ-фароғатии "Ҷавонон"-и шаҳри Душанбе бо ибтикори Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи варзишгарони Тоҷикистон машқи пагоҳирӯзӣ ва дави саломатӣ таҳти унвони «Тоҷикистон ба пеш» баргузор гардид.
Дар чорабинӣ раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Гулаҳмадзода Зулфиқор Аҳмад ва муовини раиси шаҳри Душанбе Одилзода Дилбар иштирок ва суханронӣ намуданд.
Нахуст чорабиниро раиси Кумита Гулаҳмадзода Зулфиқор Аҳмад ҳусни оғоз бахшида, аз дастовардҳои назарраси варзишгарони тоҷик ёдовар шуд. Ӯ таъкид намуд, ки рушди соҳаи варзиш ва дастовардҳои варзишгарони мамлакат натиҷаи таваҷҷуҳу дастгириҳои пайвастаи Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон буда, бо дастгирии Раиси шаҳри Душанбе, муҳтарам Рустами Эмомалӣ барои рушди варзиши оммавӣ ва фароҳам овардани инфрасохтори муосири варзишӣ дар пойтахт тадбирҳои муассир амалӣ гардида истодаанд.
Сипас, муовини Раиси шаҳри Душанбе Одилзода Дилбар зимни суханронии худ иброз дошт, ки тарғиби тарзи ҳаёти солим ва рушди варзиши оммавӣ аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоӣ маҳсуб ёфта, баргузории чунин чорабиниҳо дар таҳкими саломатии ҷомеа, баланд бардоштани ҳисси ватандӯстӣ ва ҷалби ҷавонон ба машқу тамрини мунтазам нақши муҳим дорад. Ӯ ҳамчунин иштирокчиёнро ба муносибати Рӯзи варзишгарони Тоҷикистон ва 35 солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон табрик гуфта, ба ҳамаи варзишгарон дар мусобиқаҳои дохиливу байналмилалӣ дастовардҳои боз ҳам бештар орзу намуд.
Дар идомаи чорабинӣ иштирокчиён дар машқи пагоҳирӯзӣ ва дави саломатӣ фаъолона ширкат варзида, бо рӯҳияи баланди ватандӯстӣ ва тарғиби тарзи ҳаёти солим масофаи муайяншударо тай намуда, саҳми худро дар рушди варзиши оммавӣ гузоштанд.