Субҳи имрӯз дар Боғи фарҳангӣ-фароғатии «Ҷавонон»-и шаҳри Душанбе бо ибтикори Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи Варзишгарон ва 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон машқи пагоҳирӯзӣ…
Субҳи имрӯз дар Боғи фарҳангӣ-фароғатии «Ҷавонон»-и шаҳри Душанбе бо ибтикори Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи Варзишгарон ва 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон машқи пагоҳирӯзӣ таҳти унвони «Тоҷикистон ба пеш» баргузор гардид.
Ҳадаф аз баргузории чорабинӣ тарғиби тарзи ҳаёти солим, рушди варзиши оммавӣ ва ҷалби ҳарчи бештари ҷавонон ба машқу тамрини мунтазам арзёбӣ гардид.
Таъкид карда шуд, ки бо шарофати сиёсати варзишпарваронаи Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва дастгириҳои пайвастаи Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ барои рушди соҳаи варзиш ва ташаккули тарзи ҳаёти солим дар кишвар шароити мусоид фароҳам оварда шудааст.
Дар анҷом иштирокчиён машқҳои пагоҳирӯзиро бо рӯҳияи баланди ватандӯстӣ иҷро намуда, аз рушди варзиши оммавӣ ва тарзи ҳаёти солим ҷонибдорӣ карданд.