Мунтахаби Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба гӯштини тарзи озод дар мусобиқаи байналмилалии кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Чин, ки рӯзҳои 7–9-уми август баргузор шуда истодааст, бо иштироки 4 варзишгар ҳунарнамоӣ намуда, ба гирифтани 3 медал — 2 тилло ва 1 биринҷӣ ноил гардид.