Дар доираи таҷлили Рӯзи варзишгарони Тоҷикистон, роҳбарияти Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба аёдати собиқадори соҳаи варзиш оид ба гӯштингирӣ, гӯштини миллӣ ва самбо Эмомов Сарахон рафта, аз ҳолу аҳволи ӯ…
Дар доираи таҷлили Рӯзи варзишгарони Тоҷикистон, роҳбарияти Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба аёдати собиқадори соҳаи варзиш оид ба гӯштингирӣ, гӯштини миллӣ ва самбо Эмомов Сарахон рафта, аз ҳолу аҳволи ӯ бохабар гардид.
Зимни мулоқот таъкид гардид, ки саҳми собиқадорони соҳа дар рушду пешрафти тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш, тарбияи насли ҷавон ва омода намудани варзишгарони соҳибноми кишвар арзишманд буда, хизматҳои онҳо ҳамеша қадрдонӣ мегарданд.