Имрӯз, 1 – уми августи соли 2025 мутобиқи амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 4 – уми марти соли 2005, №АП – 1677 ҷиҳати ташкил ва баргузории нишастҳои матбуотӣ дар вазорату идораҳо дар бинои Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки 38 нафар намояндагони васоити ахбори оммаи давлативу ғайридавлатӣ оид ба фаъолити Кумита дар нимсолаи якуми соли 2025 нишасти матбуотӣ доир шуд.
Нишасти мазкур таҳти раёсати Зулфиқор Гулаҳмадзода – Раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Анвар Сафарзода – Сардори раёсати маориф, фарҳанг ва иттилооти Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардида, зимни он дар баробари намояндагони ВАО инчунин муовинони Раис, ректори Донишкадаи тарбияи ҷисмонии Тоҷикистон ба номи С. Раҳимов ва ҳайати кормандони сохтор ва зерсохтори Кумита дар шаҳри Душанбе иштирок намуданд.
Нахуст, Раиси Кумита нақши намояндагони васоити ахбори оммаро дар инъикоси саривақтии дастоварду музаффарияти соҳаи кор бо ҷавонон ва варзиши кишвар бориз арзёбӣ намуда, иштироки онҳоро дар нишасти матбуотӣ хайрамақдам гуфтанд.
Сипас, вобаста ба фаъолияти Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давоми нимсолаи якуми соли 2025 ба доираи васеи намояндагони ВАО маълумот пешниҳод намуда, баён доштанд, ки давоми шашмоҳаи якуми соли 2025 289 нафар варзишгарон аз намуди варзиши олимпӣ ва ғайриолимпӣ дар 72 мусобиқаи сатҳи байналмилалии варзишӣ дар хориҷи мамлакат иштирок намуда, дар натиҷа ба хазинаи варзишии мамлакат 238 медал, аз ҷумла 67 медали тилло, 74 нуқра ва 97 биринҷӣ ворид намуданд.
Зимнан, иттилоъ дода шуд, ки дар дар самти кор бо ҷавонон дар 6 моҳи соли 2025, 23 376 чорабинӣ бо фарогирии 2018143 нафар баргузор гардид, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2024 аз лиҳози чорабинӣ 321 чорабинӣ ва аз лиҳози фарогирӣ 41430 нафар зиёд мебошад.
Ҳамзамон баён шуд, ки дар маҷмуъ, аз ҷониби Кумита, сохторҳои маҳаллӣ ва муассисаҳои тайёрии варзишии шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ 5312 чорабинии варзишии касбӣ бо фарогирии 168 ҳазору 643 нафар варзишгарон баргузор карда шуд. Ин шумора нисбат ба ҳамин давраи соли 2024 аз лиҳози чорабинӣ 102 адад ва аз лиҳози фарогирӣ 68 942 нафар зиёд мебошад.
Баъд аз пешниҳоди маълумот оид ба фаъолияти Кумита дар нимсолаи якуми соли 2025 намояндагони ВАО саволҳои худро манзур намуданд, ки ба ҳамаи саволҳои ироа шуда аз ҷониби роҳбарияти Кумита ҷавобҳои мушаххас пешниҳод гардид.