Қадршиносӣ
Имрӯз дар толори маҷлисгоҳи МИҲД - и ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ аз ҷониби раиси ноҳия Набизода Фаррухуддин Амурдин ба як қатор хонандагоне, ки дар озмуну олимпиадаҳои сатҳи вилоятиву ҷумҳуриявӣ ғолибият ба даст оварданд ва дар чорабиниҳои фарҳангӣ ва сиёсӣ фаъолона ширкат намуданд бо мукофотҳои пӯливу молӣ қадрдони гардиданд.
Раиси ноҳия Набизода Фаррухуддин Амурдин зимни суҳбат бо омӯзгорон ва хонандагон қайд намуданд, ки соҳаи маориф аз соҳаҳои сарнавиштсози давлату миллат ба шумор рафта, тарбия намудани шогирдони босаводу бофаърифат аз ҳар як омӯзгор вобаста аст. Имрӯз ҳар яки моро зарур меояд, то ба ояндаи миллати худ ғамхор бошем ва насли наврасро дар рӯҳияи худшиносиву хештаншиносӣ тарбия намоем, то дар оянда номбардори давлату миллати худ дар арсаи байналмилалӣ бошанд.
Роҳбари ноҳия ба хонандагон рӯй оварда, онҳоро ба хониши хубу аъло, аз бар намудани илмҳои муосир ва хусусан, омӯхтани забонҳои хориҷӣ ва боз ҳам ғолибиятҳои нав ба нав ноил гардидан ҳидоят намуданд.
Ҳамзамон, аз тарафи раиси ноҳия як зумра занони фаъолу ҳунарманди ноҳия, ки дар чорабиниҳои фарҳангӣ бо ҳунари волои худ фаъолона ширкат меварзанд, бо тӯҳфаҳои моливу пӯлӣ қадрдони карда шуданд.
Шарафиддин Шарипов, “Навиди Ҳамадонӣ”