Баргузории ситоди корӣ оид ба даъват
Имрӯз дар толори маҷлисгоҳи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия таҳти раёсати Раиси ноҳия муҳтарам Набизода Фаррухуддин ситоди корӣ оид ба даъвати тирамоҳии ҷавонон баргузор гардид. Дар кори ситод муовинони соҳавӣ, мудирони бахшу шуъбаҳои МИҲД-и ноҳия, кормандони Комиссарияти ноҳия, раисони Ҷамоатҳо ва роҳбарони ташкилоту муассисаҳои ноҳиявӣ иштирок намуданд.
Раиси ноҳия муҳтарам Набизода Ф.А., оид ба омодагӣ ба даъвати тирамоҳӣ таъкидҳо ба амал оварда, барои боз ҳам беҳтар намудани корҳо, хушсифат ва саривақт дар муҳлат иҷро намудани нақшаи даъвати тирамоҳии ҷавонон ба роҳбарони ташкилоту муассисаҳо, ки дар ҷамоатҳо вобастаанд, дастуру супоришҳои мушаххас доданд. Таъкид гардид, ки аъзоёни ситод ҳамарӯза ҷиҳати иҷрои нақшаи даъват дар маҳал корро пурзӯр намуда, тадбирҳои таблиғотию ташвиқотиро бештар намоянд.
Ҷовид Қувватиён