Гузашти паради ҳарбӣ дар ноҳия
Имрӯз, 7 сентябри соли равон майдони марказии Исмоили Сомонӣ намуди идона дошт. Дар ҳар гӯшаи майдон шиору овезаҳо доири Истиқлол, Тоҷикистон, Ватану ватандорӣ, расмҳои Президенти маҳбуби кишвар овехта шуда буд, ки ба майдон ҳусни дигар мебахшид. Бахшида ба истиқболи сазовори 35 - умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар майдони марказии ноҳия гузашти ҳарбӣ баргузор гардид. Дар ин чорабинии сиёсии сатҳи баланд беш аз 2 ҳазор нафар аз тамоми сохтору ташкилотҳои ноҳия ва кормандони касбу кори гуногун ширкат намуда, бо як рӯҳияи болида бо пуштибонӣ аз сиёсати созандаву бунёдкоронаи Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо як руҳияи идона гоми устувор мебардоштанд.
Дар гузашти низомӣ раиси ноҳия муҳтарам Набизода Фаррухуддин Амурдин иштирок ва суханронӣ намуда, қайд намуданд, ки “Истиқлолият яке аз бузургтарин дастоварди мо - тоҷикон ба шумор рафта, маҳз бо шарофати соҳибистиқлолӣ мо ба ин ҳама пешравию бурдбориҳо ноил гардидем ва 35 сол аст, ки дар фазои Тоҷикистони азизи мо кабӯтари сулҳу ваҳдат болафшонӣ мекунад. Ҳар яки моро мебояд, то ба қадри ин неъмати бебаҳо бирасем ва ҳеҷ гоҳ фаромӯш насозем, ки мо ба ин дастоварди беназир чи гуна ноил гардидем”.
Сипас, комиссари комиссариати ҳарбии ноҳия подполковник Каримзода Муродалӣ Қурбон ба раиси ноҳия аз омодагии иштирокчиёни гузашти низомӣ гузориш дод ва гузашти ҳарбӣ оғоз гардида, ҳар як ташкилоту муассиса, шуъбаи корҳои дохилӣ, қисми ҳарбӣ, беморхонаи ноҳиявӣ, коллеҷи тиббӣ, коллеҷи омӯзгорӣ бо як низому тартиби муайян дар забон шиорҳои ватану ватандорӣ ва пуштибонӣ аз ватани азизи хеш аз назди меҳмонон ва ҳазорон тамошобин бо қадамҳои ҷавонмардона гузаштанд. Аз чеҳраи ҳар яки онҳо аён буд, ки баҳри ҳифзи Ватан - Модар, баҳри пос доштани ин хоки аҷдодӣ ва арзишҳои миллии худ омодаанд.
Дар фарҷом раиси ноҳия муҳтарам Набизода Фаррухуддин Амурдин ба ҳамаи иштирокчиён ва намояндагони идораву сохторҳои гуногун барои иштироки фаъолонаашон изҳори сипосу миннатдорӣ карда, ба ҳамагон Ҷашни бузурги миллӣ – 35 – солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро табрику таҳният гуфта, рӯзгори нек, комёбӣ ва саодатмандию сарбаландӣ таманно намуданд.
Ҷовид Қувватзода, суратгир Шарафиддин Шарипов, “Навиди Ҳамадонӣ”