Шукӯҳи “Шукӯҳи Истиқлол” дар деҳаи Сайроб
Дар деҳаи Сайроби Ҷамоати деҳоти Панҷоб ба истиқболи Ҷашни бошукӯҳи миллӣ - 35 - солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, чорабинии идона бо иштироки муовини раиси ноҳия Д. Муҳуддинзода, бахши кор бо занон ва дигар меҳмонон баргузор гардид. Дар чорабинӣ вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Исҳоқӣ Ҳусния Давлаталӣ иштирок ва баромад намуд. Сокинони Ҷамоати мавриди назар бо шумури аҳли ҷамоатчигӣ, ҷавонон, калонсолон, фаъолони ҷомеа ва намояндагони касбу кори гуногун, аз субҳи барвақт ҷамъ омада буданд.
Чорабинӣ бо роҳпаймоӣ зери шиори “Пешвои мо - ифтихори мо” шуруъ гардид, ки дар он аҳли Ҷамоати деҳоти Панҷоб ширкат намуда, дар дастҳо Парчами давлатӣ бо ифтихор аз давлату миллати хеш, бо шукргузорӣ аз Истиқлолияти давлатӣ бо руҳи болидаву ифтихормандона гом мебардоштанд.
Сипас, дар майдони мактаби № 23 – и деҳаи Сайроб муовини раиси ноҳия Д. Муҳуддинзода ва дигар меҳмонон Парчами давлатиро парафшон намуданд, ки он бо азму иродаи сокинон бо дарозии 16 метр бунёд гардидааст.
Дар як гӯшаи майдон сокинон дастархони идона ороста, рӯйи онро бо маҳсулоти гуногун - кулчақанду ширинӣ, чаппотиву гирдача, кӯлчаву қалама оро дода, гӯшаи дигари майдонро намоиши ҳунарҳои мардумӣ - чакандӯзӣ, гулдӯзӣ, рӯймолчадӯзӣ, пилабофӣ, қолинбофӣ, табақтарошӣ, кӯлолгарӣ ва дигар намуди ҳунарҳои миллии қадима зиннати дигар мебахшид.
Толибилмони МТМУ № 23 дастоварду ҷоизаҳои худро ба маърази тамошо гузоштанд. Занони ҳунарманди Ҷамоати деҳоти Панҷоб дар як гӯшаи майдон хӯрокҳои миллӣ - оши палов, ширкаду, ширбиринг, оши бӯрида, оши тӯппа ва дангичаву далдаро омода намуда, пешниҳоди меҳмонон намуданд.
Барои тарғиби тарзи ҳайёти солим ва ҷалби наврасону ҷавонон ба намудҳои гуногуни варзиш ҷавонон аз рӯйи намуди волейбол ва шоҳмот бо ҳам мусобиқа намуданд.
Муовини раиси ноҳия Д. Муҳуддинзода ва меҳмонон аз намоиши дастовардҳои аҳли заҳмати Ҷамоат дидан намуда, ба маҳсули заҳмати онҳо баҳои баланд доданд. Ҳамзамон, муовини раиси ноҳия ҳамаи аҳли сокинони Ҷамоатро ба Ҷашни бузурги миллӣ - 35 - солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон шодбош гуфта, онҳоро ба муттаҳидӣ, корҳои бунёдкориву созандагӣ ҳидоят намуданд.
Дар фарҷом аз тарафи аҳли ҳунари ноҳия барномаи рангини ҳунарӣ иборат аз суруду таронаҳо дар васфи Ватану ватандорӣ, Истиқлолият, Сулҳу ваҳдат, Ватан - Модар манзури ҳозирин гардонида шуд.
Шарафиддин Шарифов, “Навиди Ҳамадонӣ”