Тайи чанд рӯз мешавад, ки кормандони Дастгоҳи раиси ноҳия ба корҳои ободонӣ ва сабзгардонӣ сафарбар гардиданд.
Тавре мушоҳида мешавад, онҳо саҳни бинои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияро куллан дигар намуда, бо истифода аз ҳавои мусоид ният доранд, тухмии гулҳои рангорангро кишт намоянд.
Имрӯз ҳангоми кор раиси ноҳия муҳтарам Набизода Фаррухуддин Амурдин онҳоро ҳамроҳӣ намуда, шахсан барои гулгулшукуфоии Ватани азизамон қувваю нерӯи худро равона намуданд. Дар радифи ҳашар ва созандагӣ боз биноҳои ёрирасони МИҲД-и ноҳия низ таъмиру азнавсозӣ гардида истодааст.
Зимни боздид раиси ноҳия муҳтарам Набизода Ф.А., ба сохтмончиён сӯҳбат намуда, ҷиҳати иҷрои босифати корҳо ба онҳо дастуру супоришҳои ҷиддӣ доданд.
Ҷовид Қувватзода