Баррасии масъалаҳои муҳим дар ҷаласаи
назоратии назди раиси ноҳия
Имрӯз дар толори маҷлисгоҳи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия таҳти раёсати раиси ноҳия муҳтарам Набизода Фаррухуддин Амруддин ҷаласаи назоратӣ доир гардид. Дар он муовини аввал, муовинони соҳавӣ, роҳбари дастгоҳ, мудирони бахшу шуъбаҳои МИҲД – и ноҳия, роҳбарони ташкилоту муассисаҳо, раисони Ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти ноҳия иштирок намуданд.
Сараввал, раиси ноҳия аз роҳбарону масъулин ҳолати иҷроиши дастуру супоришҳои ҳафтаи рафтаро мавриди пурсиш қарор доданд.
Доири масъалаи ҷамъоварии андоз барои моҳи июн раиси ноҳия гуфта гузашта, ба шахсони масъул дастуру супориш доданд, ки нақшаи андоз барои моҳи июн дар муҳлати муайянгардида иҷро карда шавад.
Масъалаҳои дигари маҷлиси назоратӣ – парваришу ғизодиҳии пахта, таъмини хоҷагиҳо бо тухмии хушсифати гандум, ҷамъоварии ҳосили гандум, ба роҳ мондани кишти такрорӣ, кишти пахта баъди дарави гандум, доир намудани семинар дар хоҷагиҳое, ки ҳосили кам гирифтаанд, тоза намудани партовҳо дар Ҷ\шаҳраку деҳоти ноҳия, таъмин намудани сокинони шаҳрак бо оби нӯшокӣ дар фасли гармо, ҷалби соҳибкорон барои таъмиру азнавсозии кӯчаҳои шаҳрак, ба роҳ мондани обуна барои соли 2027 ба нашрияи ноҳиявии “Навиди Ҳамадонӣ” ва ҳизбии “Минбари халқ”, “Ҳамрози халқ” низ баррасӣ шуда, раиси ноҳия ба масъулин бобати амалишавии корҳо дастуру супоришҳои мушаххас доданд.