Бо мақсади амалӣ намудани дастуру супоришҳои Пешвои маҳбуби миллат ва сазовор истиқбол гирифтани Ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, бо ибтикори Раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид дар ҳудуди вилоят иқдоми муҳими «300 рӯзи созандагиву бунёдкорӣ ва масъулият барои ояндаи дурахшони Ватан» роҳандозӣ гардидааст. Ин ташаббус ба вусъат бахшидани корҳои ободониву созандагӣ, таҳкими ҳисси масъулиятшиносӣ ва ҷалби фаъолонаи сокинон ба беҳтар гаштани раванди рушди иҷтимоиву иқтисодии минтақа равона шудааст.
Лоиқи таҳсин аст, ки дар доираи ин иқдоми нек сокинони шарафманди ноҳия ба корҳои ободонӣ ва бунёдкорӣ иқдом гирифта, ҳар як гўшаи диёри хешро ободу зебо намуда истодаанд. Имрўз бо иштироки раиси ноҳия муҳтарам Набизода Фаррухуддин Амурдин мумфаршсозии роҳи деҳаи Дараи Калоти Ҷамоати деҳоти Заркӯҳ оғоз гардид. Раиси ноҳия дар ҳалқаи пирони кору сокинони ин деҳа мулоқоти судманд анҷом дода, кори неки онҳоро шоистаи таҳсин номид. Муҳтарам Набизода Ф.А., иброз дошт, ки маҳз бо дастуру ҳидоятҳои Пешвои миллат ҳамасола дар саросари кишвар корҳои ободонию созандагӣ мароми тоза касб намуда, ба ин васила саҳми ҳар як сокин дар рушду пешрафти Ватани худ ба назар мерасад.
Бояд зикр намуд, ки сокинони ин деҳа бо саҳмгузории худ ва соҳибкорони маҳаллӣ ҳудуди 5100м роҳи байни деҳаро пурра асфалтпўш намуда, шароити хуби маишӣ фароҳам меоранд. Ғайр аз ин корҳои равшаннамоӣ, кашидани хатти оби нӯшокӣ ва хати интернет низ амалӣ гардида истодааст.
Сокинони заҳматписанди деҳа дар партави гуфтаҳои раиси ноҳия муҳтарам Набизода Ф.А., бо ифтихор иброз доштанд, ки ин аввали кор набуда, дар оянда низ аз худ ҳисси баланди меҳандўстӣ нишон дода, сохтмони иншоотҳои маишӣ, аз ҷумла, боғчаи бачагонаро низ ба нақша гирифтаанд.
Ҷовид Қувватзода, «Навиди Ҳамадонӣ»