Имрӯз, 8 июни соли 2026 дар толори бинои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия таҳти раёсати раиси ноҳия муҳтарам Набизода Фаррухуддин Амруддин маҷлиси назоратӣ доир гардид.
Дар ҷаласа муовини аввал, муовинони соҳавӣ, роҳбари дастгоҳ, мудирони бахшу шуъбаҳои МИҲД – и ноҳия, роҳбарони ташкилоту муассисаҳо, раисони Ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти ноҳия иштирок доштанд.
Раиси ноҳия нахуст иҷроиши дастуру супоришҳои додашударо дар ҳафтаи сипаригардида аз масъулин пурсида, ба онҳо бобати амалишавии корҳо маслиҳатҳои судбахш доданд.
Масъалаи аввали ҷаласаи назоратӣ ҷамъоварии маблағҳои андоз барои моҳи июн буд ва раиси ноҳия ҷиҳати иҷро шудани нақшаи андоз ба масъулини соҳа супориш доданд, ки доири масъалаи мазкур тадбирандешӣ намоянд.
Доири масъалаи дуюми ҷаласа – назорат ва ҷамъоварии пешниҳодҳои оморӣ раиси ноҳия таъкид намуданд, ки дар ин самт ҳамаи масъулин бояд муносибати ҷиддӣ намоянд.
Масъалаҳои дигари ҷаласа - нигоҳубини пахта, чобуқу ягонаи пахтазор, назорати нарху наво дар бозор, дастгирии доимии деҳқонон, назорати кишти такрорӣ дар заминҳои холишуда, тасдиқи нақшаи дурнамои кишти такрорӣ, рафти иҷроиши нақшаи пилласупорӣ, ҷоннок намудани корҳои фаҳмондадиҳӣ дар давраи тобистон оиди пешгирии ғарқшавӣ, пешгирии ҳолатҳои сӯхтор дар давраи дарави ғалла, дар ҷангалзорҳо, ҷалби соҳибкорон дар корҳои бунёдкорӣ, назорати корҳо дар самти бунёди иншоотҳои ҷашнӣ бахшида ба Ҷашни 35 – солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, вусъати корҳои ободонӣ, тозаву озода намудани кӯчаву маҳаллаҳои шаҳраки Москва ҳаматарафа баррасӣ шуда, раиси ноҳия ба ҳамаи шахсони масъул бобати амалишавии корҳо дастуру тавсияҳои судманд доданд.
Ҷовид Қувватзода