Дар идомаи сафари корӣ намояндаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ, директори КВД "Роҳи оҳани Тоҷикистон" муҳтарам Комили Мирзоалӣ ва раиси ноҳия муҳтарам Набизода Фаррухуддин дар Ҷамоати деҳоти Заркӯҳ бо рафти корҳои сохтмонӣ аз Беморхонаи марказии Ҷамоат дидан намуданд.
Зикр гардид, ки соҳибкори маҳаллӣ Саидов Олимҷон бо пайрави аз дастуру ҳидоятҳои бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иқдом гирифтанд, ки бо маблағи зиёда аз 3 млн сомонӣ таъмири пурраи бинои Беморхонаи марказии Ҷамоати деҳоти Заркӯҳро анҷом диҳанд. Иншооти мазкур баъди пурра таъмиру азнавсозӣ шудан бо техникаву таҷҳизоти муосири замонавии тиббӣ муҷаҳаз гардида, ҳамчун тӯҳфаи идона бахшида ба Ҷашни мубораку муқаддаси миллӣ 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба сокинони Ҷамоат пешниҳод мегардад.
Таъкид гардид, ки иншоот бо сифати баланд ва ҷавобгӯ ба талаботи замон сохта мавриди истифода қарор дода шавад.
Ҷовид Қувватзода