Имрӯз раиси ноҳия муҳтарам Набизода Фаррухуддин Амурддин аз рафти корҳои сохтмонӣ дар Боғчаи бачагонаи рақами 1-и ноҳия дидан намуданд.
Иттилоъ дода шуд, ки рафти таъмиру азнавсозии бинои мазкур аз тарафи Лоиҳаи "Инкишофи барвақтии кӯдакон барои густариши сармояи инсонӣ дар Тоҷикистон"-и назди Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон маблағгузорӣ гардида, сифат ва рафти корҳои сохтмонӣ дар бинои мазкур таҳти назорати масъулин қарор дорад.
Раиси ноҳия ба сохтмончиён ва дигар масъулин ҷиҳати иҷрои сифатноки корҳо ва дар муҳлат анҷом додани он дастуру супоришҳои судманд доданд.
Ҷовид Қувватзода