РӮЗИ ДАВИ МИЛЛӢ ВА МАРАФОНИ ВЕЛОСИПЕДРОНӢ ДАР НОҲИЯИ МИР САЙИД АЛИИ ҲАМАДОНӢ
17.05.2026
Имрӯз дар маркази маъмурии ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ Рӯзи дави миллӣ ва марафони велосипедронӣ баргузор гардид.
Дар ин чорабинии варзишӣ раиси ноҳия муҳтарам Набизода Фаррухуддин, муовинони раис, роҳбарони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, кормандони ташкилоту муассисаҳо ва дигар шаҳрвандони синну соли гуногун иштироки фаъолона варзиданд.
Раиси ноҳия муҳтарам Набизода Ф.А., зимни суханронӣ иброз доштанд, ки ҳамасола бо дастуру ҳидоятҳои бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бахшида ба Рӯзи ҷавонон дар саросари кишвар «Рӯзи дави миллӣ» бо як шукуҳу шаҳомати хоса таҷлил карда мешавад, ки он дар солимгардонии аҳолӣ ва ҷалби онҳо ба ин риштаи варзиш мебошад.
Бояд қайд намуд, ки дар ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ ҳамасола тадбирҳои ҷашнӣ ба муносибати Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон, ки 23 май дар сартосари кишвар таҷлил мегардад, як қатор чорабиниҳои гуногуни тарбиявӣ, солимгардонӣ, фарҳангиву маърифатӣ ва ободонӣ ташкилу роҳандозӣ мегардад.
Пас аз қисмати ифтитоҳии ҳамоиш иштирокчиёни Дави миллӣ ба чанд қисмат ҷудо шуда, то охири мараъ сабқат карданд.
Дар инӣиҳо дар вазъияти тантанавӣ ба ғолибону фаъолони дави миллӣ ва марафони велосипедронӣ, барои иштироки фаъолона ва саҳмгузорӣ дар оммавӣ шудани варзиш аз ҷониби раиси ноҳия диплому сипоснома ва мукофотҳо супурда шуданд.
Ҷовид Қувватзода