МУКОФОТИ ДАВЛАТӢ – АРҶГУЗОРӢ БА ХИЗМАТИ СОДИҚОНА
5-уми сентябр дар арафаи ҷашни бузурги миллӣ - 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, чор корманди Саридораи геологияи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои фаъолияти меҳнатии шоиста ва саҳми арзанда дар рушди соҳаи геология бо мукофоти давлатӣ сарфароз гардонида шуданд.
Мукофотҳои давлатиро муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Усмоналӣ Усмонзода зимни маросими тантанавӣ ба кормандони Саридораи геология тақдим намуд.
Муовини Сарвазири мамлакат Усмоналӣ Усмонзода аз номи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тамоми кормандони Саридораи геологияро ба муносибати 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон самимона табрик гуфта, ба фаъолияти минбаъдаи онҳо дар самти рушди соҳаи геология ва истифодаи самараноки захираҳои табиии кишвар барору комёбӣ орзу намуд.
Дар вазъияти тантанавӣ Раиси Комиссияи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба захираҳои канданиҳои фоиданок Зоиршоҳ Мирзоализода, сардори шуъбаи коргузорӣ ва назорати Саридораи геологияи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Инобат Маликзода ва сардори шуъбаи иқтисоди Саридораи геологияи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Шарифзода Рустам бо медали «Хизмати шоиста» сарфароз гардонида шуданд.
Ҳамзамон, сардори Корхонаи воҳиди давлатии «Экспедитсияи иктишофи геологии ашёи радиоактивӣ»-и Саридораи геологияи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Шоҳрух Бобоҷонзода бо Ифтихорномаи Ҷумҳурии Тоҷикистон қадрдонӣ гардид.
Сарфароз гардидан бо мукофотҳои давлатӣ нишонаи қадршиносӣ ва арҷгузорӣ ба меҳнати содиқона, фаъолияти пурсамар ва саҳми арзандаи кормандони соҳаи геология дар рушди иқтисодию иҷтимоии кишвар мебошад.
Маркази матбуот