БАЛАНД БАРДОШТАНИ МАЪРИФАТИ АНДОЗӢ — ДАР МЕҲВАРИ СЕМИНАР
18-уми август дар Саридораи геологияи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки намояндагони Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон семинар-машварат ва корҳои фаҳмондадиҳӣ баргузор гардид.
Чорабиниро муовини якуми сардори Саридораи геология Исомуддин Холзода ифтитоҳ намуда, оид ба аҳаммияти риояи қонунгузории андоз, баланд бардоштани маърифати андозӣ ва истифодаи самараноки хизматрасониҳои электронӣ ибрози назар кард.
Дар семинар муовини сардори Раёсати маъмурикунонии низомҳои андоз Собирҷон Исозода ва сардори шуъбаи маъмурикунонии захираҳои табиии Кумитаи андоз Исматулло Амиров иштирок намуда, оид ба масъалаҳои мубрами андозбандӣ маълумот пешниҳод карданд.
Зимни баромад масъалаҳои марбут ба амалисозии реҷаи махсуси танзимӣ дар доираи лоиҳаи озмоишӣ оид ба андозбандии соҳибкорони инфиродӣ, истифодаи хизматрасониҳои давлатии электронӣ ва рақамикунонии низоми андоз мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Таъкид гардид, ки лоиҳаи озмоишӣ ба ташкили низоми шаффофу соддаи фаъолияти соҳибкорони инфиродӣ, беҳтар намудани ҳамкории онҳо бо мақомоти андоз ва коҳиш додани мушкилоти маъмурӣ равона шудааст.
Ҳамзамон, иштирокчкунандагон бо имкониятҳои хизматрасониҳои электронии андоз, аз ҷумла пешниҳоди ҳисобот ва анҷом додани пардохтҳои андозӣ ба таври электронӣ шинос шуданд.
Дар фарҷоми семинар ба саволҳои иштироккунандагон вобаста ба масъалаҳои андозбандӣ ва истифодаи хизматрасониҳои электронӣ посухҳои мушаххас дода шуд.
Маркази матбуот