Моҳтоббӣ Ёрмадова: «КАДРҲОИ СОҲИБИХТИСОС
- ЗАМИНАИ РУШДИ СОҲАИ ГЕОЛОГИЯ»
Муассисаи давлатии «Маркази таълимии бозомӯзӣ ва такмили ихтисоси кадрҳо»-и Саридораи геологияи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар омода намудани мутахассисони соҳибкасб ва баланд бардоштани сатҳи дониш ва малакаи касбии кормандони соҳа нақши муҳим дорад. Марказ дар самти касбомӯзӣ, бозомӯзӣ ва такмили ихтисоси кадрҳо аз рӯйи ихтисосҳои гуногун фаъолият намуда, барои рушди соҳаи геология ва дигар соҳаҳои истеҳсолӣ мутахассисони ҷавобгӯ ба талаботи замонро омода месозад. Дар робита ба фаъолияти Марказ ва нақши он дар тайёр намудани кадрҳои соҳибихтисос, хабарнигори рӯзномаи «Ганҷ» бо директори муассиса, геолог Моҳтоббӣ Ёрмадова суҳбат намуд, ки фишурдаи онро пешкаши хонандагон мегардонем.
«Ганҷ»: Муҳтарам Моҳтоббӣ, нахуст мехостем дар бораи фаъолияти Маркази таълимӣ, бозомӯзӣ ва такмили ихтисоси кадрҳо маълумот диҳед. Марказ бо кадом мақсад таъсис ёфтааст?
Моҳтоббӣ Ёрмадова: Муассисаи давлатии «Маркази таълимӣ, бозомӯзӣ ва такмили ихтисоси кадрҳо»-и Саридораи геологияи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 2009 таъсис ёфтааст.
Марказ дар тӯли фаъолияти худ бо воҳидҳои сохтории Саридораи геология, ҶСК «Неругоҳи барқи обии Роғун» ва дигар ширкатҳои саноатии ҷумҳурӣ ҳамкории судманд ба роҳ монда, то имрӯз наздики 2000 нафар кормандон ва мутахассисонро аз рӯйи ихтисосҳои зарурӣ омӯзонидааст.
Яке аз хусусиятҳои муҳимми фаъолияти Марказ дар он аст, ки машғулиятҳои таълимӣ метавонанд бидуни қатъ намудани фаъолияти истеҳсолӣ ва бевосита дар корхонаҳо баргузор гарданд. Ин тарзи таълим барои кормандон имконият фароҳам меорад, ки донишҳои назариявиро бо таҷрибаи амалии истеҳсолӣ пайваст намоянд.
«Ганҷ»: Дар айни замон Марказ аз рӯйи кадом ихтисосҳо кадр омода мекунад?
Моҳтоббӣ Ёрмадова: Имрӯз Марказ фаъолияти худро дар самти касбомӯзӣ, бозомӯзӣ ва такмили ихтисос аз рӯйи 18 ихтисос ба роҳ мондааст. Аз ҷумла, мутахассисон аз рӯйи ихтисосҳои «Пармагари пармачоҳҳо», «Нақбкан», «Мошинисти дастгоҳҳои пармагарии саноати нафту газ», «Топогеодезист ва корҳои маркшейдерӣ», «Таркишгар дар корҳои кӯҳкории тарзи кушода ва сохтмон», «Сементкор», «Борбанд», «Ронандаи мошинҳои худгарди боркашони зеризаминӣ», «Кафшергар», «Устои кӯҳӣ оид ба коркарди корҳои кушода ва зеризаминӣ», «Ҳуқуқи роҳбарӣ ба амалиётҳои пармагарию таркишӣ», «Устои таркишгар», «Аксбардории геологӣ, ҷустуҷӯ ва иктишофи конҳои канданиҳои фоиданок», «Усулҳои иктишофи геофизикӣ», «Геохимия, минералогия ва петрография», «Гидрогеология ва геологияи муҳандисӣ» ва «Технология ва техникаи иктишофи конҳои канданиҳои фоиданок» таҳсил менамоянд.
Ҳар яке аз ин ихтисосҳо дар занҷираи ягонаи омӯзиш, ҷустуҷӯ, иктишоф, истихроҷ ва истифодаи оқилонаи захираҳои зеризаминӣ нақши муҳим дорад.
«Ганҷ»: Ба назари Шумо, ин ихтисосҳо барои рушди соҳаи геология чӣ аҳаммият доранд?
Моҳтоббӣ Ёрмадова: Аҳаммияти онҳо хеле калон аст. Масалан, пармагарон дар корҳои ҷустуҷӯию иктишофӣ ва муайян намудани сохтори геологии қаъри замин нақши муҳим доранд. Мутахассисони соҳаи топогеодезия ва маркшейдерӣ барои муайян намудани мавқеи дақиқи объектҳои геологӣ ва назорати корҳои кӯҳӣ масъул мебошанд.
Геофизика, геохимия, минералогия ва петрография барои омӯзиши таркиб, сохтор ва хусусиятҳои ҷинсҳои кӯҳӣ ва муайян намудани захираҳои канданиҳои фоиданок аҳаммияти махсус доранд. Самтҳои гидрогеология ва геологияи муҳандисӣ бошад, дар омӯзиши захираҳои обҳои зеризаминӣ, арзёбии устувории замин ва таъмини бехатарии сохтмони иншоот нақши муҳим мебозанд.
Ҳамзамон, ихтисосҳои марбут ба корҳои кӯҳӣ, пармакунӣ, таркиш ва коркарди конҳо барои таъмини фаъолияти бехатар ва самараноки корхонаҳои соҳа заруранд. Бинобар ин, омода намудани кадрҳои соҳибихтисос яке аз омилҳои асосии рушди устувори соҳаи геология ба ҳисоб меравад.
«Ганҷ»: Бо дарназардошти пешрафти босуръати технологияҳо, оё эҳтимол дорад, ки баъзе ихтисосҳои соҳаи геология дар оянда аз байн раванд?
Моҳтоббӣ Ёрмадова: Ба андешаи ман, пешрафти технологияҳо боиси аз байн рафтани пурраи ихтисосҳои соҳаи геология намегардад. Баръакс, мазмун ва шакли фаъолияти онҳо тағйир меёбад ва ба талаботи замони муосир мутобиқ мешавад. Масалан, имрӯз дар корҳои геологӣ аз дастгоҳҳои рақамӣ, технологияҳои автоматиконӣ, дронҳо, таҷҳизоти муосири геофизикӣ ва барномаҳои компютерӣ васеъ истифода бурда мешавад. Ин технологияҳо кори мутахассисонро осон ва дақиқтар мегардонанд, вале ҷойи дониш, таҷриба ва масъулияти инсонро пурра гирифта наметавонанд.
Ихтисосҳои монанди пармагари пармачоҳҳо, нақбкан, топогеодезист, маркшейдер, геофизик, геохимик, минералог, петрограф, гидрогеолог ва геологи муҳандисӣ дар рушди соҳаи геология аҳаммияти муҳим доранд. Бо рушди технологияҳо мутахассисони ин соҳаҳо бояд малакаҳои рақамӣ ва истифодаи таҷҳизоти муосирро низ аз худ намоянд.
Аз ин рӯ, вазифаи муассисаҳои таълимӣ аз он иборат аст, ки мутахассисонро на танҳо барои иҷрои корҳои имрӯза, балки барои талаботи ояндаи соҳа низ омода созанд. Мо низ дар Марказ кӯшиш менамоем, ки барномаҳои таълимиро пайваста такмил дода, ба шунавандагон донишҳои назариявӣ ва малакаҳои амалии муосирро омӯзонем. Итминон дорам, ки дар оянда низ соҳаи геология ба мутахассисони соҳибкасб ниёз хоҳад дошт, танҳо талабот ба дониш ва малакаҳои онҳо боз ҳам бештар мегардад.
«Ганҷ»: Дар Марказ аз рӯйи ихтисосҳои номбурда кадом омӯзгорон ва мутахассисон дарс медиҳанд?
Моҳтоббӣ Ёрмадова: Дарсҳои назариявӣ ва машғулиятҳои амалиро омӯзгорони соҳибтаҷриба, мутахассисони соҳаи геология, коршиносони истеҳсолӣ ва мутахассисони дорои таҷрибаи бойи касбӣ мегузаронанд. Бо дарназардошти хусусияти ҳар як ихтисос, ба таълим мутахассисони соҳаҳои геология, геофизика, гидрогеология, маркшейдерӣ, корҳои кӯҳӣ, пармакунӣ, корҳои таркишӣ, техникаи бехатарӣ ва дигар самтҳои соҳавӣ ҷалб карда мешаванд.
Ҳамзамон, барои баланд бардоштани сифати таълим дар машғулиятҳои амалӣ мутахассисони ботаҷрибаи корхонаҳои соҳавӣ низ иштирок менамоянд. Ин имкон медиҳад, ки шунавандагон дар баробари донишҳои назариявӣ, малакаҳои амалии заруриро низ аз худ намоянд.
«Ганҷ»: Имрӯз масъалаи иштироки занон дар соҳаҳои техникӣ ва истеҳсолӣ, аз ҷумла геология, аҳаммияти бештар пайдо мекунад. Шумо саҳми занонро дар рушди соҳаи геология чӣ гуна арзёбӣ мекунед?
Моҳтоббӣ Ёрмадова: Дар солҳои соҳибистиқлолӣ бо дастгирии сиёсати созандаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва таваҷҷуҳи хосса ба баланд бардоштани мақоми занон дар ҷомеа имкониятҳои иштироки занон дар соҳаҳои гуногун, аз ҷумла соҳаҳои илмӣ, техникӣ ва истеҳсолӣ васеъ гардидаанд.
Занон имрӯз на танҳо дар соҳаҳои маориф, тандурустӣ ва фарҳанг, балки дар геология, геофизика, гидрогеология, геохимия, корҳои лабораторӣ, таҳлилҳои илмӣ, корҳои муҳандисӣ ва идоракунӣ низ фаъолият менамоянд.
Саҳми занон дар соҳаи геология, пеш аз ҳама, дар донишандӯзӣ, таҳқиқоти илмӣ, таҳлили маводи геологӣ, коркарди маълумот, иҷрои корҳои лабораторӣ ва омода намудани мутахассисони ҷавон назаррас мебошад. Занони соҳа бо масъулиятшиносӣ, дониш, меҳнатдӯстӣ ва муносибати ҷиддӣ ба касб дар рушди соҳаи геология саҳми арзанда мегузоранд.
«Ганҷ»: Ба фикри Шумо, оё занон метавонанд дар ихтисосҳои техникӣ ва истеҳсолии соҳаи геология низ муваффақ бошанд?
Моҳтоббӣ Ёрмадова: Албатта. Имрӯз пешрафти технология ва рушди усулҳои муосири истеҳсолӣ имкониятҳои васеъ фароҳам овардааст. Занон метавонанд дар самтҳои геология, геофизика, гидрогеология, геохимия, минералогия, маркшейдерӣ, таҳлили лабораторӣ ва дигар самтҳои соҳавӣ фаъолияти муваффақ дошта бошанд.
Муҳим он аст, ки барои ҷавонон, аз ҷумла духтарон, шароити мусоиди таҳсил, касбомӯзӣ ва рушди касбӣ фароҳам оварда шавад. Мо дар Марказ кӯшиш менамоем, ки ба ҳамаи хоҳишмандон имконияти аз худ намудани дониш ва касбу ихтисосҳои муосирро фароҳам созем.
«Ганҷ»: Дар нимсолаи якуми соли 2026 Марказ кадом курсҳои омӯзиширо баргузор намуд?
Моҳтоббӣ Ёрмадова: Бо дархости воҳидҳои сохтории Саридораи геология ва аз ҳисоби маблағҳои буҷетӣ моҳи майи соли равон курсҳои кӯтоҳмуддати бозомӯзӣ ва такмили ихтисос аз рӯйи ихтисосҳои «Пармагар», «Кафшергар», «Гидрогеология ва геологияи муҳандисӣ», «Аксбардории геологӣ, ҷустуҷӯ ва иктишофи конҳои канданиҳои фоиданок» ва «Устои кӯҳӣ, коркарди корҳои кушода» баргузор гардиданд.
Дар маҷмуъ, 20 нафар курсҳои мазкурро бомуваффақият хатм намуданд. Ин нишон медиҳад, ки талабот ба кадрҳои соҳибихтисос ва бозомӯзии мутахассисон дар соҳаи геология сол ба сол меафзояд.
«Ганҷ»: Барои рушди соҳаи геология омодасозии кадрҳои ҷавон то чӣ андоза муҳим аст?
Моҳтоббӣ Ёрмадова: Омодасозии кадрҳои ҷавон барои ояндаи соҳа аҳаммияти ҳалкунанда дорад. Геология соҳаест, ки рушди он ба донишҳои илмӣ, таҷрибаи истеҳсолӣ ва истифодаи технологияҳои муосир вобастагии зиёд дорад.
Аз ин рӯ, мо бояд ҷавононро ба омӯзиши касбҳои техникӣ ва муҳандисӣ ҷалб намоем. Хусусан, барои духтарону занони ҷавон низ имкониятҳои васеъ мавҷуданд. Онҳо метавонанд дар самтҳои илмӣ, таҳқиқотӣ, лабораторӣ, муҳандисӣ ва идоракунии соҳаи геология фаъолияти пурсамар дошта бошанд.
«Ганҷ»: Нақшаҳои Марказ барои давраи минбаъда чӣ гунаанд?
Моҳтоббӣ Ёрмадова: Мо ният дорем, ки ҳамкориро бо воҳидҳои сохтории Саридораи геология, корхонаҳои соҳавӣ ва дигар ташкилотҳои саноатӣ боз ҳам густариш диҳем. Дар оянда ташкили курсҳои нави бозомӯзӣ ва такмили ихтисос, навсозии барномаҳои таълимӣ ва истифодаи усулҳои муосири омӯзишӣ дар марказ идома хоҳад ёфт.
Ҳадафи асосии мо омода намудани кадрҳои рақобатпазир, баландихтисос ва ҷавобгӯ ба талаботи рушди соҳаи геология мебошад. Мо итминон дорем, ки бо ҷалби ҷавонон, бахусус духтарону занони соҳибистеъдод, метавонем дар рушди минбаъдаи соҳаи геология ва омода намудани кадрҳои миллӣ саҳми арзанда гузорем.
«Ганҷ»: Ташаккур барои суҳбати пурмуҳтаво!
Моҳтоббӣ Ёрмадова: Ташаккур ба шумо. Ба ҳамаи кормандони соҳаи геология, омӯзгорон, мутахассисон ва ҷавононе, ки роҳи касби геологиро интихоб намудаанд, барору комёбӣ орзу менамоям.
Васфия ФИРДАВСӢ,
“Ганҷ”