Замимаи 5 бо фармоиши cардори Саридораи геологияи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз « 01 » апрели соли 2024, № 25-Ф тасдиқ карда шудааст ДАСТУРАМАЛИ мансаби мутахассиси шуъбаи илм ва таҳияи ҳуҷҷатҳои меъёрии Саридораи геологияи назди Ҳукумати…
Замимаи 5
бо фармоиши cардори Саридораи геологияи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз « 01 » апрели соли 2024,№ 25-Ф
тасдиқ карда шудааст
ДАСТУРАМАЛИ
мансаби мутахассиси шуъбаи илм ва таҳияи ҳуҷҷатҳои меъёрии Саридораи геологияи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
- Муқаррароти умумӣ
- Номи мансаб – мутахассиси шуъбаи илм ва таҳияи ҳуҷҷатҳои меъёрии Саридораи геологияи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон.
- Мансаби мазкур тибқи Феҳристи мансабҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба мансабҳои категорияи ҳафтум мансуб аст.
- Ишғолкунандаи мансаби мазкур ба сардори Саридораи геологияи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тобеъ ва ҳисоботдиҳанда мебошад.
- Мутахассиси шуъбаи илм ва таҳияи ҳуҷҷатҳои меъёрии Саридораи геологияи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон (минбаъд – мутахассис) аз тарафи сардори Саридораи геологияи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон (минбаъд - сардори Саридора) ба мансаб таъин ва озод карда мешавад:
- Талаботи тахассусӣ
- Мутахассис бо риояи талаботи тахассусии зерин мансаби мазкуро ишғол менамояд:
- донистани Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонунҳо, дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалии эътирофнамудаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки иҷрои уҳдадориҳои мансабии шуъбаро ба танзим медароранд;
- донистани таърих, фарҳанг, муқаддасоти миллӣ, забони давлатӣ, як забони хориҷӣ;
- донистани самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон;
- мавҷудияти дониш ва малакаи ба нақшагирии раванди кор;
- малакаи хуби муошират, аз ҷумла, маҳорати ба роҳ мондани ҳамкорӣ ҳангоми татбиқи манфиатҳои давлатӣ;
- на камтар аз 1 маротиба дар 3 сол баланд бардоштани тахассуси касбӣ;
- маълумоти олии соҳаи геология;
- кор карда тавонистан бо компютер.
- Уҳдадориҳои мансабии мутахассиси шуъба
- Мутахассиси шуъба дорои уҳдадориҳои зерин мебошад:
- супоришҳои роҳбарияти Саридора ва сардори шуъбаро дар муҳлатҳои таъиншуда иҷро менамояд;
- дар баррасии лоиҳаҳои санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки аз тарафи дигар мақомоти давлатӣ барои мувофиқа пешниҳод карда шудаанд, дар якҷоягӣ бо дигар кормандони шуъба иштирок менамояд;
- дар баррасии лоиҳаҳои санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ва дигар санадҳои Саридора дар якҷоягӣ бо дигар кормандони шуъба иштирок менамояд;
- эҳтиёҷоти соҳаҳои иқтисодиётро ба ашёи минералӣ меомӯзад;
- вазъи бозори ҷаҳонии ашёи минералиро меомӯзад;
- базаи ашёи минералии корхонаҳои кӯҳро меомӯзад;
- дар таҳияи ҳуҷҷатҳои меъёрию ҳуқуқӣ вобаста ба соҳаи геология иштирок мекунад;
- дар асоси қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи сарватҳои зеризаминӣ” ва дигар қонунҳои амалкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти худро ба роҳ мемонад;
- мувофиқи Низомномаи Саридораи геология фаъолият менамояд;
- дар бораи усулҳои ҷустуҷӯ ва иктишофи ашёи минералӣ маълумоти мукаммал дошта бошад;
- талаботро оид ба нигаҳдорӣ ва муносибат ба ҳуҷҷатҳои корӣ риоя намояд, дар коргузорӣ навовар бошад.
Дигар ваколатҳои шуъба, супоришҳои сардори Саридора ва муовинони сардори Саридораро иҷро менамояд.
- Ҳуқуқҳои мутахассиси шуъба
- Мутахассиси шуъба дорои ҳуқуқҳои зерин мебошад:
- дар баррасии масъалаҳои ба фаъолияти шуъба дахлдошта ва қабули қарор аз рӯи онҳо иштирок менамояд;
- маводҳои дар ихтиёри саридора қарордоштаро меомӯзад;
- бо тартиби муқарраргардида иҷрои масъалаҳои таҳти назорати шуъба қарордоштаро аз мақомоти дахлдор ва ё шахсони мансабдор талаб намояд;
- бо тартиби муқарраргардида аз идораҳои дахлдор маълумот ва маводҳои барои иҷрои уҳдадориҳои мансабӣ заруриро талаб карда гирад;
- мутахассиси шуъба дорои дигар ҳуқуқҳое мебошад, ки санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ намудаанд.
- Масъулияти мутахассиси шуъба
- Мутахассиси шуъба барои иҷро накардан ва ё ба таври дахлдор иҷро накардани уҳдадориҳои мансабӣ, истифодаи ғайри мақсаднок ва нобуд сохтани моликияти барои иҷрои уҳдадориҳои мансабӣ вобастакардашуда тибқи қонунгузорӣ ба ҷавобгарӣ кашида мешавад.
- Муқаррароти хотимавӣ
- Аз тарафи хадамоти кадрӣ ба мутахассиси пешбари шуъба бо гирифтани имзо, сабти ному насаб ва гузоштани таърихи рӯз дар китоби бақайдгирӣ, нусхаи Дастурамали мансабии мутахассиси шуъба супорида мешавад.
- Ҳангоми таҷдиди шуъба ва дигар ҳолатҳое, ки боиси тағйир ёфтани Дастурамали мансабии мутахассиси шуъба мегарданд, Дастурамали мансабии мазкур аз нав таҳия ва тасдиқ карда мешавад.