13-уми июли соли 2026 нишасти матбуотии Агентии назорати давлатии энергетикии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ҷамъбасти натиҷаҳои фаъолияти Агентӣ дар нимсолаи якуми соли 2026 баргузор гардид. Дар нишасти матбуотӣ роҳбарияти Агентии…
13-уми июли соли 2026 нишасти матбуотии Агентии назорати давлатии энергетикии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ҷамъбасти натиҷаҳои фаъолияти Агентӣ дар нимсолаи якуми соли 2026 баргузор гардид.
Дар нишасти матбуотӣ роҳбарияти Агентии назорати давлатии энергнтикӣ, намояндаи Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин, доираи васеи намояндагони васоити ахбори омма аз шабакаҳои телевизионии «Ҷаҳоннамо», «Баҳористон», «Синамо», АМИТ «Ховар», агентии иттилоотии «Ҳамсадо», рӯзномаю маҷаллаҳои «Ҷумҳурият», «Халқ овозӣ», радиоҳои «Тоҷикистон», «Садои Душанбе», «Ховар», «Овози Тоҷик», «Фарҳанг», «Озодӣ» ва рӯзноманигорони мустақил ҳузур доштанд.
Зимни нишасти матбуотӣ мавзуъҳои пешгирии ғайриқонунии истифодабарии энергияи барқ ва изофанависии он, мушкилоти ҷойдошта дар самти ҳисобу китоби энергияи барқ дар пойгоҳҳои обкашӣ, рақамикунонӣ дар низоми назорату баҳисобгирии энергияи барқ, рақамикунонии фаъолияти Агентӣ, нақши Агентӣ дар пешгирии талафот, корҳои фаҳмондадиҳӣ оид ба истифодаи самараноку сарфакоронаи энергияи барқ ва такмили донишҳои тахассусии кормандони хоҷагии энергияи барқи ташкилоту муассисаҳо ва дигар масъалаҳои марбут ба соҳа матраҳ шуданд.