3 сентябри соли 2026, Душанбе. – Дар Агентии назорати давлатии энергетикии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба муносибати 35-умин солгарди Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон чорабинии тантанавӣ баргузор гардид. Дар чорабинӣ директори Агентӣ…
3 сентябри соли 2026, Душанбе. – Дар Агентии назорати давлатии энергетикии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба муносибати 35-умин солгарди Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон чорабинии тантанавӣ баргузор гардид.
Дар чорабинӣ директори Агентӣ Сорбон Холмуҳамадзода, вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Дилноза Аҳмадзода, раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Синои шаҳри Душанбе Зоҳир Ҳабибзода, сармуҳаррири «Народная газета» Маҳбуба Камолова ва кормандони Агентӣ иштирок намуданд.
Директори Агентӣ Сорбон Холмуҳамадзода зимни сухани ифтитоҳӣ ҳозиринро ба муносибати ин ҷашни бузурги миллӣ самимона табрик намуда, Истиқлоли давлатиро ҳамчун дастоварди бузурги таърихии миллати тоҷик ва заминаи асосии таҳкими давлатдории миллӣ арзёбӣ намуд.
Зикр гардид, ки Истиқлоли давлатӣ барои Тоҷикистон имконият фароҳам овард, то ҳамчун давлати соҳибихтиёр сиёсати мустақили дохилӣ ва хориҷии худро пеш бурда, барои таҳкими пояҳои давлатдорӣ, таъмини сулҳу субот, рушди иқтисодиву иҷтимоӣ ва баланд бардоштани сатҳи зиндагии мардум тадбирҳои созандаву ҳадафмандро амалӣ намояд.
Сипас, меҳмонони чорабинӣ ба сухан баромада, дар бораи аҳамияти таърихии Истиқлоли давлатӣ, нақши он дар ташаккули давлатдории миллӣ, таҳкими худшиносии миллӣ ва дастовардҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар даврони соҳибистиқлолӣ андешаронӣ намуданд.
Дар фарҷоми чорабинӣ як қатор кормандони Агентии назорати давлатии энергетикӣ барои меҳнати софдилона, фаъолияти самаранок, садоқат ба вазифаи хизматӣ, саҳми арзанда дар рушди соҳаи энергетика ва иҷрои босамари вазифаҳои хизматӣ дар самти назорати давлатии энергетикӣ, инчунин ба муносибати 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ифтихорнома ва сипосномаҳо қадрдонӣ гардиданд.
Чорабинии тантанавӣ дар фазои идона, бо эҳсоси баланди ватандӯстӣ, ифтихор аз соҳибистиқлолии кишвар ва рӯҳияи садоқат ба арзишҳои миллӣ ҷамъбаст гардид.