5-уми октябри соли 2026 дар Агентии назорати давлатии энергетикии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба муносибати Рӯзи забони давлатӣ бо иштироки роҳбарият, кормандон ва собиқадорони соҳа ҷаласаи тантанавӣ баргузор гардид. Ҷаласаро муовини якуми…
5-уми октябри соли 2026 дар Агентии назорати давлатии энергетикии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба муносибати Рӯзи забони давлатӣ бо иштироки роҳбарият, кормандон ва собиқадорони соҳа ҷаласаи тантанавӣ баргузор гардид.
Ҷаласаро муовини якуми директори Агентӣ Меҳроб Муминзода ифтитоҳ намуда, ҳозиринро ба муносибати ин ҷашн табрик гуфта, нақши забони давлатиро дар таҳкими худшиносии миллӣ, ҳифзи мероси фарҳангӣ ва рушди давлатдорӣ муҳим арзёбӣ кард.
Сипас, сардори шуъбаи кадрҳо ва корҳои махсус Орзу Сафаров доир ба ҷойгоҳи забони тоҷикӣ дар ҳаёти ҷомеа ва масъулияти кормандон дар риояи меъёрҳои он маъруза намуд.
Дар идоми чорабинӣ муовини директори Агентӣ Беҳрӯз Ҳасанзода, инчунин собиқадорони соҳа Хол Юнусов ва Ҷура Бобоев вобаста ба ин санаи таърихӣ андешаҳои худро баён доштанд.
Таъкид гардид, ки забони тоҷикӣ мероси арзишманди ниёгон, рамзи ҳастии миллат ва воситаи муҳими таҳкими ваҳдату ҳамдигарфаҳмии ҷомеа мебошад.
Ҳамзамон, аз хизматҳои таърихии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар барқарории сулҳу ваҳдат, таҳкими давлатдории миллӣ ва ҳифзу рушди забони тоҷикӣ бо эҳтирому қадрдонӣ ёдоварӣ шуд.