ЗАБОНИ ДАВЛАТӢ - АРЗИШИ МИЛЛӢ ВА РУКНИ ДАВЛАТДОРӢ
ЗАБОНИ ДАВЛАТӢ - АРЗИШИ МИЛЛӢ ВА РУКНИ ДАВЛАТДОРӢ
Имрӯз Комиссияи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба захираҳои канданиҳои фоиданок дар якҷоягӣ бо роҳбарият ва кормандони Саридораи геологияи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба муносибати Рӯзи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи тантанавӣ баргузор намуданд.
Дар паём таъкид гардид, ки забони давлатӣ яке аз арзишҳои муҳими миллӣ ва рукни асосии давлатдорӣ буда, ҳифз ва рушди он вазифаи ҳар як шаҳрванди кишвар мебошад. Ҳамчунин саҳми Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар таҳкими мақоми забони тоҷикӣ, ҳифзи арзишҳои миллӣ ва фароҳам овардани заминаҳои мусоид барои рушди забони давлатӣ дар даврони истиқлол махсус таъкид шуд.
Дар паём ҳамчунин зикр гардид, ки дар даврони соҳибистиқлолӣ забони тоҷикӣ дар соҳаҳои гуногуни ҳаёти ҷомеа, аз ҷумла дар илму маориф, фарҳанг, идоракунии давлатӣ ва дигар самтҳо бештар рушд намуда, мақоми он таҳким ёфтааст. Дар ин замина, масъулияти насли ҷавон дар ҳифзи забони модарӣ, дуруст истифода бурдани он ва саҳм гузоштан дар рушди забони илмӣ ва касбии тоҷикӣ муҳим арзёбӣ гардид.
Таъкид шуд, ки барои соҳаи геология, ки бо илм, таҳқиқот, истилоҳоти тахассусӣ ва таҳияи санадҳои илмӣ-техникӣ иртиботи мустақим дорад, истифодаи дурусту саҳеҳи забони давлатӣ аҳаммияти хос дорад. Ҳуҷҷатҳои соҳавӣ, ҳисобот, маълумоти геологӣ ва санадҳои техникӣ бояд равшан, дақиқ ва мутобиқ ба меъёрҳои забони адабӣ таҳия шаванд.
Дар маъруза ба масъалаи истифодаи дуруст ва меъёрии вожаҳо ва истилоҳоти соҳавӣ таваҷҷуҳ зоҳир гардида, зарурати риояи меъёрҳои забони давлатӣ ҳангоми таҳияи ҳуҷҷатҳои касбӣ таъкид шуд. Сухангӯён кормандони соҳаи истифодабарандагони қаъри замин ва геологияро ба истифодаи дурусти истилоҳоти соҳавӣ, фарҳангҳои тафсирӣ ва имлоӣ ва дигар манбаъҳои боэътимоди забонӣ даъват намуд.
Дар фарҷом таъкид гардид, ки эҳтиром ба забони давлатӣ, пеш аз ҳама, дар дуруст навиштан, саҳеҳ истифода бурдани истилоҳот ва равшан баён кардани андеша зоҳир мегардад. Ҳифзи забони модарӣ ва рушди минбаъдаи он масъулияти умумӣ буда, насли ҷавон дар ин раванд нақши муҳим дорад.
Маркази матбуот