КИТОБИ НАВИ КОМИССИЯИ ДАВЛАТИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ОИД БА ЗАХИРАҲОИ КАНДАНИҲОИ ФОИДАНОК БА ТАБЪ РАСИД
Бо мақсади такмили заминаи методӣ ва таъмини мутахассисон бо санадҳои зарурии меъёрӣ-ҳуқуқӣ, Комиссияи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба захираҳои канданиҳои фоиданок /КДЗ/ китоби нави соҳавиро ба нашр расонид.
Китоби мазкур аз ҷониби Комиссияи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба захираҳои канданиҳои фоиданок таҳия ва таълиф гардида, дар он санадҳои меъёрӣ-ҳуқуқӣ ва ҳуҷҷатҳои танзимкунандаи фаъолияти Комиссия ба забонҳои тоҷикӣ ва русӣ гирд оварда шудаанд.
Ҳадафи асосии нашри китоб расонидани ёрии методӣ ба мутахассисон, истифодабарандагони қаъри замин ва дигар субъектҳои соҳаи истихроҷи канданиҳои фоиданок, инчунин мусоидат ба таҳия ва омодасозии ҳисобот мутобиқи талаботи Комиссия мебошад.
Китоб барои истифодаи васеи истифодабарандагони қаъри замин, новобаста аз шакли моликият, инчунин мутахассисони соҳа, ташкилоту муассисаҳои марбута ва шахсони масъули таҳияи ҳуҷҷатҳои геологӣ ва ҳисоботи захираҳо тавсия дода мешавад.
Дар маҷмуаи мазкур санадҳо ва ҳуҷҷатҳои муҳимми соҳавӣ, аз ҷумла:
Нашри чунин маводи соҳавӣ дар самти баланд бардоштани сатҳи маърифати ҳуқуқӣ ва касбии мутахассисон, ба роҳ мондани фаъолияти истифодабарандагони қаъри замин дар асоси талаботи муқарраргардида ва такмили раванди омодасозии ҳуҷҷатҳои марбут ба баҳисобгирӣ ва тасдиқи захираҳои канданиҳои фоиданок аҳаммияти муҳим дорад.
Китоби мазкур метавонад ҳамчун манбаи муфиди методӣ ва роҳнамои соҳавӣ барои мутахассисони соҳаи геология, истифодабарандагони қаъри замин ва дигар сохторҳои марбута хизмат намояд.