РАИСИ КОМИССИЯ БО МЕДАЛИ «ХИЗМАТИ ШОИСТА» САРФАРОЗ ГАРДИД
5-уми сентябр дар арафаи ҷашни бузурги миллӣ - 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон Раиси Комиссияи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба захираҳои канданиҳои фоиданок Зоиршоҳ Мирзоализода барои фаъолияти меҳнатии шоиста ва саҳми арзанда дар рушди соҳаи геология бо медали «Хизмати шоиста» сарфароз гардонида шуд.
Мукофоти давлатиро муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Усмоналӣ Усмонзода дар вазъияти тантанавӣ ба Зоиршоҳ Мирзоализода тақдим намуд.
Муовини Сарвазири мамлакат Усмоналӣ Усмонзода аз номи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тамоми кормандонро ба муносибати 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон самимона табрик гуфта, ба фаъолияти минбаъдаи онҳо дар самти рушди соҳаи геология ва истифодаи самараноки захираҳои табиии кишвар барору комёбӣ орзу намуд.
Маркази матбуот