ТОҶИКСТАНДАРТ ОГОҲ МЕКУНАД!
Дар доираи гузаронидани мониторинги назоратӣ ва назорати инспексиониву корҳои фаҳмондадиҳӣ дар сехи истеҳсоли маҳсулоти ҳасибии «Ориёнӣ», воқеъ дар шаҳри Душанбе, ноҳияи Фирдавсӣ, кӯчаи Муҳаммадӣ 4, ки ба соҳибкор Ҷамолов М. тааллуқ дорад, маҳсулоти гуногуни ҳасибии пастсифат ва ғайристандартӣ ошкор карда шуд.
Муайян гардид, ки дар дохили сех маҳсулоти гуногуни ҳасибӣ, ки бо сабаби нодуруст нигоҳдоштан маҳсулот сифати худро гум кардааст ва ба талаботи регламентҳои техникӣ ҷавобгӯ намебошад, инчунин, муҳлати истеъмоли баъзе аз онҳо гузаштааст, ошкор гардид.
Маҳсулоти мазкур ба ҳаҷми 110 кг тибқи санади дахлдор ҳамчун маҳсулоти муҳлати истеъмолиаш гузашта ва ғайриқобили истифода аз сех гирифта шуда, барои несту нобудсозӣ равона карда шуд.
Ҳамзамон, аз маҳсулоти истеҳсолшаванда намунаҳо гирифта шуда, барои муайян намудани нишондиҳандаҳои сифат ва бехатарӣ ба озмоишгоҳи маҳсулоти хӯроквории Агентии Тоҷикстандарт ирсол гардиданд. Корҳо дар ин самт идома доранд.
Агентии Тоҷикстандарт бори дигар аз истеҳсолкунандагон, соҳибкорон ва фурӯшандагон даъват менамояд, ки ҳангоми истеҳсол, нигоҳдорӣ, борҷомакунӣ ва ҳамлу нақли маҳсулот талаботи ҳуҷҷатҳои меъёрии техникӣ ва қоидаҳои бехатарии маҳсулотро қатъиян риоя намоянд.
Ҳамчунин, соҳибкорон бояд барои пешгирии воридшавии маҳсулоти муҳлати истеъмолиаш гузашта ва ғайристандартӣ ба бозори истеъмолӣ чораҳои зарурӣ андешанд, зеро сифат ва бехатарии маҳсулот кафолати саломатии истеъмолкунандагон ва ҳимояи бозори истеъмолӣ мебошад.
Дар баробари ин, аз ҳамаи истеҳсолкунандагони маҳсулоти ватанӣ ва соҳибкорону фурӯшандагони молу маҳсулот даъват ба амал оварда мешавад, ки дар раванди истеҳсоли маҳсулот ба талаботи ҳуҷҷатҳои меъёрӣ ва бехатарии маҳсулот аҳамияти аввалиндараҷа диҳанд. Ҳамчунин, молу маҳсулоте, ки муҳлати истеъмолиаш гузашта ва ғайристандартӣ ба суроғаи Агентии Тоҷикстандарт муроҷиат намоянд.