ҶАЛАСАИ КОРӢ ОИД БА ТАТБИҚИ СТРАТЕГИЯИ ДАВЛАТИИ МУҚОВИМАТ БА КОРРУПСИЯ Дар Агентии стандартизатсия, метрология, сертификатсия ва нозироти савдои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки намояндаи Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза…
ҶАЛАСАИ КОРӢ ОИД БА ТАТБИҚИ СТРАТЕГИЯИ ДАВЛАТИИ МУҚОВИМАТ БА КОРРУПСИЯ
Дар Агентии стандартизатсия, метрология, сертификатсия ва нозироти савдои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки намояндаи Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи корӣ оид ба татбиқи Стратегияи давлатии муқовимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 баргузор гардид.
Дар ҷаласа роҳбарият, сардорони раёсату шуъбаҳо ва дигар кормандони Агентии Тоҷикстандарт иштирок намуда, масъалаҳои вобаста ба татбиқи самараноки сиёсати давлатии муқовимат ба коррупсия, баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии кормандон ва таҳкими фазои шаффофият дар фаъолияти мақомоти давлатӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Зимни суханронии ифтитоҳӣ таъкид гардид, ки муқовимат ба коррупсия яке аз самтҳои муҳими сиёсати давлатӣ ба шумор рафта, дар меҳвари таваҷҷуҳи роҳбарияти олии мамлакат қарор дорад. Дар ин замина, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баҳри пешгирии омилҳои коррупсионӣ, таъмини шаффофият, баланд бардоштани масъулияти хизматчиёни давлатӣ ва ҳифзи манфиатҳои давлату ҷомеа пайваста тадбирҳои мушаххас меандешад.
Намояндаи Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон зимни баромади худ оид ба муҳтавои Стратегияи давлатии муқовимат ба коррупсия барои давраи то соли 2030, ҳадафҳо, вазифаҳо ва самтҳои асосии он маълумоти муфассал пешниҳод намуд.
Қайд карда шуд, ки Стратегияи мазкур ба таҳкими заминаҳои ҳуқуқии муқовимат ба коррупсия, пешгирии ҳуқуқвайронкуниҳои коррупсионӣ, баланд бардоштани самаранокии фаъолияти мақомоти давлатӣ, тақвияти назорати дохилӣ, рақамикунонии хизматрасониҳои давлатӣ, рушди идоракунии электронӣ ва баланд бардоштани сатҳи маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон равона гардидааст.
Дар ҷараёни ҷаласа, ҳамчунин, масъалаҳои марбут ба риояи талаботи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти муқовимат ба коррупсия, пешгирии бархӯрди манфиатҳо, риояи меъёрҳои одоби хизматчии давлатӣ, таъмини шаффофият дар қабули қарорҳои идорӣ ва истифодаи технологияҳои рақамӣ ҳамчун воситаи муҳими коҳиш додани омилҳои коррупсионӣ мавриди муҳокима қарор гирифтанд.
Зикр гардид, ки Агентии Тоҷикстандарт дар доираи татбиқи Стратегияи давлатии муқовимат ба коррупсия пайваста баҳри такмили низоми идоракунӣ, баланд бардоштани сифати хизматрасониҳои давлатӣ, рақамикунонии равандҳои хизматрасонӣ, риояи меъёрҳои қонунгузорӣ ва баланд бардоштани масъулияти кормандон тадбирҳои амалӣ меандешад.
Дар анҷоми ҷаласа таъкид карда шуд, ки татбиқи пурраи Стратегияи давлатии муқовимат ба коррупсия, баланд бардоштани сатҳи шаффофият, масъулиятшиносӣ ва риояи меъёрҳои қонунгузорӣ яке аз омилҳои муҳими рушди устувори мақомоти давлатӣ, таҳкими эътимоди ҷомеа ва беҳтар намудани сифати хизматрасониҳои давлатӣ ба ҳисоб меравад.