МИЗИ МУДАВВАР
Нишонаи маҳсулоти ғанигардонидашуда ва эътимоди истеъмолкунанда аз бастабандӣ оғоз меёбад
Чанде пеш, бо дастгирии Агентии Тоҷикстандарт дар ҳамкорӣ бо Муассисаи давлатии «Рушди соҳибкорӣ дар соҳаи кишоварзӣ», Корхонаи давлатии фаръии «Фонди гардиши ғанигардонии маҳсулоти хӯрокворӣ дар Тоҷикистон», Муассисаи давлатии «Маркази миллии патенту иттилоот»-и Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон ва намояндаи Алянси глобалӣ оид ба беҳтар намудани ғизо дар Тоҷикистон (GAIN) Лео Шулте-Веннбур, дар меҳмонхонаи «Суғдиён»-и шаҳри Хуҷанд мизи мудаввар баргузор гардид.
Дар чорабинӣ муовини директори Агентии Тоҷикстандарт, муовини Раиси вилояти Суғд, намояндагони вазорату идораҳои дахлдор, роҳбарони корхонаҳои истеҳсоли орд ва намаки ошӣ, мутахассисони Раёсати Тоҷикстандарт, намояндагони Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигарон иштирок намуданд.
Мизи мудаввар дар мавзӯи «Нишонаи маҳсулоти ғанигардонидашуда - эътимоди истеъмолкунанда аз бастабандӣ оғоз меёбад» баргузор гардида, ҳадафи асосии он муаррифӣ, баррасӣ ва мувофиқа намудани консепсияи нишонаи маҳсулоти ғанигардонидашуда, муайян кардани тартиби истифодаи он ва ҷалби истеҳсолкунандагон ба татбиқи нишонаи мазкур арзёбӣ гардид.
Муовини директори Агентии Тоҷикстандарт Малоҳат Рустамзода чорабиниро ифтитоҳ намуда, таъкид кард, ки масъалаи таъмини аҳолӣ бо маҳсулоти ғизоии босифат ва дорои арзиши ғизоии баланд яке аз самтҳои муҳими сиёсати иҷтимоии давлат ба ҳисоб меравад. Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба масъалаҳои таъмини амнияти озуқаворӣ, ғизои солим ва ҳифзи саломатии аҳолӣ таваҷҷуҳи махсус зоҳир намуда, дар ин самт як қатор барномаҳо ва тадбирҳои муҳимро амалӣ менамояд.
Зикр гардид, ки дар шароити имрӯза норасоии витаминҳо ва моддаҳои минералӣ яке аз масъалаҳои муҳими тандурустии ҷамъиятӣ ба ҳисоб рафта, истеъмоли нокифояи микронутриентҳо метавонад ба саломатӣ ва рушди ҷисмонӣ ва зеҳнии аҳолӣ, бахусус кӯдакон ва занони ҳомила, таъсири манфӣ расонад.
Муовини Раиси вилояти Суғд Анвар Яъқубӣ ба ташкилкунандагони мизи мудаввар изҳори сипос намуда, таъкид кард, ки таҷрибаи кишварҳои ҷаҳон нишон медиҳад, ки ғанигардонии маҳсулоти серистеъмол яке аз роҳҳои самараноки пешгирии норасоии микронутриентҳо ба ҳисоб меравад.
Гуфта шуд, ки бо дарназардошти аҳамияти масъалаи мазкур дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати ғанигардонии орди гандумии навъҳои олӣ ва якум, инчунин, йодноккунии намаки ошӣ, ки аз маҳсулоти асосии истеъмолии аҳолӣ ба шумор мераванд, тадбирҳои зарурӣ амалӣ карда мешаванд.
Дар ҷараёни чорабинӣ маърузакунандагон моҳияти нишонаи маҳсулоти ғанигардонидашуда, фаъолияти фонди гардиш, тақвияти иқтидори техникӣ, таҷҳизоти таҳлилӣ ва тозакунӣ, инчунин, таҷрибаи байналмилалии истифодаи нишонаҳои маҳсулоти ғанигардонидашударо муаррифӣ намуданд. Дар фарҷоми вохӯрӣ ба саволҳои иштирокчиён посухҳои мушаххас дода шуданд.
Дафтари матбуоти Маркази Тоҷикстандарт дар вилояти Суғд