ҶАЛАСАИ ДИРЕКТОРИ АГЕНТИИ ТОҶИКСТАНДАРТ ДАР ДОИРАИ ДАСТУРУ СУПОРИШҲОИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ ВОБАСТА БА ТАҶЛИЛИ ҶАШНИ 35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ ВА НАТИҶАГИРИ АЗ ФАЪОЛИЯТИ АГЕНТӢ
6-уми июли соли ҷорӣ дар бинои Агентии стандартизатсия, метрология, сертификатсия ва нозироти савдои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи корӣ баргузор гардид.
Ҷаласа таҳти раёсати директори Агентии Тоҷикстандарт муҳтарам Раҳмон Исломиддин Хайриддин доир шуда, дар он муовини якум, муовинони директор, сардорони раёсату шуъбаҳо, мудирони бахшҳо ва дигар кормандони масъули дастгоҳи марказии Агентӣ иштирок намуданд.
Зимни ҷаласа фаъолияти Агентии Тоҷикстандарт дар шаш моҳи аввали соли ҷорӣ мавриди таҳлилу баррасии ҳамаҷониба қарор гирифта, дастовардҳо, мушкилот ва вазифаҳои минбаъдаи соҳа муайян карда шуданд.
Таъкид гардид, ки дар давраи ҳисоботӣ Агентӣ фаъолияти худро ба татбиқи сиёсати давлатӣ дар самти стандартизатсия, метрология, сертификатсия, назорати савдо ва ҳимояи ҳуқуқу манфиатҳои истеъмолкунандагон равона намуда, ҷиҳати таъмини сифату бехатарии молу маҳсулот, баланд бардоштани рақобатпазирии истеҳсолоти ватанӣ ва таҳкими ҳифзи бозори истеъмолӣ тадбирҳои заруриро амалӣ намудааст.
Директори Агентии Тоҷикстандарт муҳтарам Раҳмон Исломиддин Хайриддин зимни суханронӣ самтҳои афзалиятноки фаъолияти раёсату шуъбаҳоро дар давраи минбаъда муайян намуда, ба масъалаҳои таҳкими ҳимояи бозори истеъмолӣ, пурзӯр намудани назорати давлатии воситаҳои ченак, рушди иқтидори озмоишгоҳҳои ташхиси маҳсулоти хӯрокворӣ, такмили низоми сертификаткунонии молу маҳсулот, дастгирии истеҳсолкунандагони ватанӣ ва мусоидат ба афзоиши содироти маҳсулоти кишоварзӣ таваҷҷуҳи махсус зоҳир намуд.
Ҳамчунин, масъалаҳои марбут ба баланд бардоштани сатҳи касбияти кормандон, ба бозомӯзӣ ва такмили ихтисос фаро гирифтани мутахассисон, густариши омӯзиши забонҳои хориҷӣ, истифодаи технологияҳои муосир ва рақамикунонии равандҳои соҳавӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Дар ҷараёни ҷаласа ба масъалаи омодагии ҳамаҷониба ба таҷлили сазовори ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон низ таваҷҷуҳи махсус зоҳир шуда, роҳбарияти Агентӣ оид ба анҷом додани корҳои ободонию созандагӣ, ташкили шанбегиҳо ва ҳашарҳои дастаҷамъона дар дастгоҳи марказӣ ва марказҳои минтақавӣ, овехтани парчамҳо, иштирок дар паради Истиқлоли давлатӣ, инчунин, сохтмони китобхонаҳо дар шаҳр ва ҷамоату деҳаҳои шаҳри Роғун ба масъулин супоришҳои мушаххас доданд.
Ҳамзамон, муовинони директор, роҳбарони сохторҳои соҳавӣ ва дигар шахсони масъул вазифадор гардиданд, ки вобаста ба масъалаҳои ҷойдошта нақшаи чорабиниҳои иловагӣ таҳия намуда, барои бартараф намудани онҳо ва баланд бардоштани самаранокии фаъолият тадбирҳои амалӣ андешанд.
Дар фарҷоми ҷаласа таъкид гардид, ки Агентии Тоҷикстандарт минбаъд низ фаъолияти худро баҳри татбиқи ҳадафҳои стратегии мамлакат, таъмини сифати маҳсулоту хизматрасониҳо, рушди инфрасохтори сифат ва ҳифзи манфиатҳои истеъмолкунандагон бо масъулияти баланд идома хоҳад дод.