ТАШАББУСИ ОЛАМШУМУЛИ ПЕШВОИ МУАЗЗАМИ МИЛЛАТ ДАР САМТИ ТАҲКИМИ СУЛҲ ҶОНИБДОРӢ ЁФТ
Раҳмон Исломиддин Хайриддин,
Директори Агентии Тоҷикстандарт
Қабули қатъномаи махсуси Маҷмаи Умумии СММ дар бораи эълон кардани солҳои 2027–2036 ҳамчун «Даҳсолаи байналмилалии таҳкими сулҳ ба хотири наслҳои оянда» боз як пирӯзии таърихии дипломатияи пешгирикунанда ва сиёсати хориҷии сулҳҷӯёнаи Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад. Дар шароити мураккаб ва ноороми муносибатҳои байналмилалии муосир, ки ҷаҳонро мавҷи низоъҳо ва таҳдидҳои нав фаро гирифтааст, ин ташаббуси оламшумул нишон медиҳад, ки Тоҷикистон на танҳо як кишвари соҳибистиқлол, балки меъмори фаъоли сулҳу субот дар сатҳи глобалӣ эътироф шудааст.
25 июни соли 2026 дар таърихи дипломатияи муосири Ҷумҳурии Тоҷикистон ва низоми муносибатҳои байналмилалӣ боз як саҳифаи заррин сабт гардид. Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид қатъномаи махсусро таҳти унвони «Даҳсолаи байналмилалии таҳкими сулҳ ба хотири наслҳои оянда» (барои солҳои 2027–2036), ки аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пешниҳод шуда буд, бо якдилона қабул намуд. Ин рӯйдоди бузург маҳз дар арафаи Рӯзи муқаддаси Ваҳдати миллии Тоҷикистон сурат гирифт, ки рамзи ниҳояти сулҳпарварӣ ва рисолати таърихии халқи тоҷикро дар арсаи ҷаҳонӣ инъикос менамояд.
Бо ҷонибдории 153 кишвари узви СММ қабул шудани ин ҳуҷҷати сарнавиштсоз нишони возеҳи эҳтироми хоса ва эътимоди баланди ҷомеаи ҷаҳонӣ ба шахсияти фарзонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва сиёсати хирадмандонаи хориҷии давлати мо мебошад. Тоҷикистон, ки худаш дар солҳои аввали соҳибистиқлолӣ фоҷиаи ҷанги таҳмилии шаҳрвандиро паси сар карда, бо саъю кӯшиши фавқулодаи Сарвари давлат ба сулҳу ваҳдати пойдор расид, имрӯз таҷрибаи нодири сулҳофаринии худро ба як модели ҷаҳонӣ табдил додааст. «Формулаи сулҳи тоҷикон» акнун на танҳо як дастоварди дохилӣ, балки заминаи ташаббуси нав ва фарогире гардид, ки ҳадафаш наҷоти башарият ва наслҳои оянда аз офатҳои ҷангу низоъҳо мебошад.
Дар нимаи аввали даҳсолаи сеюми асри XXI ҷомеаи ҷаҳонӣ бо бӯҳронҳои амиқи сиёсӣ, низоъҳои мусаллаҳонаи минтақавӣ ва шиддат гирифтани рақобати геополитикӣ рӯбарӯ аст. Бино ба гузоришҳои расмии СММ, шумораи низоъҳои мусаллаҳона ва устувории хатарҳои амниятӣ дар ҷаҳон ба ҳадди ниҳоӣ расида, боиси коҳиши маблағгузориҳои башардӯстона ва халалдор шудани рушди устувор гардидааст. Дар чунин шароити пур аз зиддиятҳо ва ҳассос, ки эътимод миёни абарқудратҳо коҳиш ёфтааст, ҷомеаи байналмилалӣ беш аз ҳар вақти дигар ба як палатформаи нав ва муколамаи созанда ниёз дошт.
Маҳз дар ҳамин давраи ҳаётан муҳим, Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз минбари баланди СММ бо дарки амиқи масъулият дар назди таърих ва ояндаи инсоният, пешниҳоди эълон намудани «Даҳсолаи таҳкими сулҳ»-ро ба миён гузоштанд. Фалсафаи сиёсии ин ташаббус дар он нуҳуфта аст, ки сулҳ набояд танҳо ҳамчун набудани ҷанг ё уҳдадории муваққатии насли имрӯз арзёбӣ шавад. Сулҳ пойдевори асосии ҳастии башарият ва мероси гаронбаҳоест, ки бояд устувор карда шуда, ба наслҳои оянда ба таври комил ва амн интиқол дода шавад.
Муҳиммияти қатънома дар он аст, ки он ба ҳадафҳо ва принсипҳои Оинномаи СММ, аз ҷумла, уҳдадории ҳалли баҳсҳо ва наҷоти наслҳои фардо аз даҳшатҳои ҷанг, ҷони тоза мебахшад. Тоҷикистон бо ин иқдом собит намуд, ки кишварҳои хурд низ метавонанд бо пешниҳоди ғояҳои бузурги инсондӯстона дар ташаккули сиёсати глобалӣ ва таъмини амнияти сайёра нақши калидӣ бозанд.
Яке аз хусусиятҳои фарқкунанда ва ҷолиби қатъномаи «Даҳсолаи байналмилалии таҳкими сулҳ ба хотири наслҳои оянда» он аст, ки дар маркази таваҷҷуҳи он инсон ва занҷираи пайвастаи байни наслҳо қарор дорад. Тибқи матни ҳуҷҷат, давлатҳои узв уҳдадор шудаанд, ки дар равандҳои қабули қарорҳои сиёсӣ ва иқтисодӣ ниёзҳо, манфиатҳо ва ҳуқуқҳои кӯдакон, ҷавонон ва наслҳои ояндаро ба таври қатъӣ ба назар гиранд.
Маҳз ҳамин таваҷҷуҳи хос ба ояндасозон кафолат медиҳад, ки дар даҳсолаҳои баъдӣ фарҳанги зӯроварӣ ҷойи худро ба фарҳанги сулҳ ва ҳамдигарфаҳмӣ диҳад. Роҳбарияти Тоҷикистон бо такя ба сиёсати дохилии худ, ки ҷавононро қувваи пешбарандаи ҷомеа медонад, ин моделро ба сатҳи байналмилалӣ бароварданд.
Қабули ин қатънома мавқеи Ҷумҳурии Тоҷикистонро ҳамчун як кишвари ташаббускор ва пешсаф дар низоми глобалии СММ боз ҳам мустаҳкамтар намуд. Имрӯз ҷаҳон Тоҷикистонро на танҳо бо ташаббусҳои бузургаш дар соҳаи об ва климатология (ба монанди «Даҳсолаи амал: Об барои рушди устувор» ва эълон шудани соли 2025 ҳамчун «Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо»), балки ҳамчун маркази тавлиди ғояҳои сулҳхоҳӣ мешиносад.
Ҳамин тариқ, Тоҷикистон таҳти роҳбарии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон як барномаи мукаммал ва фарогирро барои ояндаи сайёра пешниҳод мекунад. Мо нишон додем, ки таҷрибаи миллӣ дар ҳалли масъалаҳои марзӣ ва расидан ба оштии миллӣ (ки дар қатънома низ аз таҷрибаҳои мусбати Осиёи Марказӣ ва Тоҷикистон истиқбол шудааст) метавонад ҳамчун манбаи илҳом ва роҳнамо барои дигар давлатҳо хизмат кунад.
Эълон гардидани солҳои 2027–2036 ҳамчун Даҳсолаи байналмилалии таҳкими сулҳ маънои онро дорад, ки дар давоми даҳ соли оянда СММ, созмонҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ, муассисаҳои илмӣ ва ҷомеаи шаҳрвандӣ фаъолияти худро дар атрофи ин меҳвар ҳамоҳанг хоҳанд кард.
Барои давлати мо ин имконияти беназир аст, то дар даҳсолаи оянда ба маркази баргузории чорабиниҳо ва форумҳои бузурги сулҳхоҳии ҷаҳонӣ табдил ёбад ва бренди сиёсии худро дар сатҳи олӣ устувор созад.
Қабули қатъномаи «Даҳсолаи байналмилалии таҳкими сулҳ ба хотири наслҳои оянда» бори дигар собит намуд, ки сиёсати «дарҳои кушод» ва сулҳҷӯёнаи Ҷумҳурии Тоҷикистон комилан дуруст ва дурандешона аст. Ин дастовард самараи заҳматҳои шабонарӯзии Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва дастгоҳи дипломатии кишвар мебошад, ки обрӯю эътибори ватанамонро ба авҷи аъло расониданд.
Сулҳ барои халқи тоҷик танҳо як калима ё мафҳуми сиёсӣ нест, балки арзиши муқаддас ва кафили зиндагии шоиста аст. Паёми Тоҷикистон ба ҷомеаи ҷаҳонӣ тавассути ин қатънома равшан ва қатъӣ аст: мо бояд имрӯз муттаҳид шавем, муколамаро пеш барем ва ҷаҳонеро бунёд кунем, ки дар он наслҳои оянда на аз тарси ҷангу низоъҳо, балки дар фазои сулҳ, адолат ва ҳамкорӣ умр ба сар баранд. Ин иқдоми бузург мероси таърихии насли имрӯзи тоҷикон барои ояндаи дурахшони тамоми башарият хоҳад буд.