БАРГУЗОРИИ ҶАЛАСАИ 38-УМИ КУМИТАИ КООМЕТ ДАР ШАҲРИ ДУШАНБЕ
Аз 10 то 12 июни соли 2026 дар шаҳри Душанбе ҷаласаи 38-уми Кумитаи Созмони ҳамкориҳои АвруОсиёгии муассисаҳои давлатии метрологӣ баргузор гардид. Чорабинии мазкур бо ташаббуси бевоситаи директори Агентии Тоҷикстандарт муҳтарам Раҳмон Исломиддин Хайриддин дар сатҳи олӣ ба роҳ монда шуда, бо иштироки роҳбарон ва мутахассисони соҳаи метрология аз кишварҳои аъзои Созмон, намояндагони ташкилотҳои байналмилалӣ ва минтақавии соҳавӣ, ба яке аз рӯйдодҳои муҳими байналмилалии соҳаи метрология дар минтақа табдил ёфт.
Дар кори ҷаласа намояндагони давлатҳои Арманистон, Беларус, Герсоговина, Қазоқистон, Озарбойҷон, Русия, Словакия, Тоҷикистон, Туркия, Ӯзбекистон ва Ҷумҳурии Мардумии Хитой иштирок намуданд. Дар баробари ин, намояндагони давлатҳои Куба, Босния, Грузия ва Қирғизистон тариқи онлайн иштирок карданд.
Ҳамзамон, намояндагони ташкилотҳои байналмилалӣ ва минтақавии соҳаи метрология, аз ҷумла, BIPM, APMP, GULFMET (аз давлати Қатар), SIM ва МГС низ дар чорабинии мазкур ширкат варзида, вобаста ба фаъолияти ташкилотҳои худ дар солҳои 2025-2026 ва самтҳои афзалиятноки рушди метрологияи ҷаҳонӣ бо рӯнамоҳо баромад намуданд.
Ҷаласаро Президенти КООМЕТ Лазизбек Саидорипов (Ҷумҳурии Ӯзбекистон) ифтитоҳ намуда, оид ба натиҷаҳои фаъолияти Созмон дар давраи ҳисоботӣ, дастовардҳои бадастомада, масъалаҳои мубрами ҳамкорӣ ва вазифаҳои афзалиятноки минбаъдаи КООМЕТ дар шароити муосир маълумоти муфассал пешниҳод кард.
Дар идомаи кори ҷаласа муовини директори Агентии стандартизатсия, метрология, сертификатсия ва нозироти савдои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Сафарзода Мансур оид ба корҳои анҷомёфта дар самти таъмини ягонагии ченакҳо ва рушди инфрасохтори миллии сифат дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бо рӯнамо баромад намуд.
Зимни маърӯза зикр гардид, ки дар давраи ҳисоботӣ бо мақсади такмили заминаҳои ҳуқуқии соҳа як қатор корҳои муҳим анҷом дода шуда, аз ҷумла лоиҳаи нави Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи таъмини ченаки ягона» таҳия гардидааст. Инчунин, ҷиҳати рушди заминаи эталонӣ, муҷаҳҳазгардонии озмоишгоҳҳои метрологӣ бо таҷҳизоти муосир ва мутобиқсозии фаъолияти онҳо ба талаботи байналмилалӣ тадбирҳои назаррас амалӣ карда шуданд.
Дар ҷараёни ҷаласа масъалаҳои муҳими марбут ба рушди метрологияи муосир, рақамикунонии хизматрасониҳои метрологӣ, тақвияти низоми байналмилалии эътирофи натиҷаҳои ченакҳо, рушди эталонҳои миллӣ, баланд бардоштани салоҳияти озмоишгоҳҳо ва татбиқи стандартҳои байналмилалӣ мавриди баррасии ҳамаҷониба қарор гирифтанд.
Иштироки намояндагони Агентии Тоҷикстандарт дар чорабинии мазкур барои густариши ҳамкориҳои байналмилалӣ ва омӯзиши таҷрибаи пешрафтаи кишварҳои ҷаҳон аҳамияти махсус дошт. Дар доираи ҷаласа мутахассисони тоҷик бо намояндагони пажӯҳишгоҳҳои миллии метрологии давлатҳои пешрафта ва ташкилотҳои байналмилалии соҳавӣ мулоқоту мубодилаи таҷриба анҷом дода, роҳҳои татбиқи таҷрибаҳои муосирро дар фаъолияти метрологии кишвар баррасӣ намуданд.
Қобили зикр аст, ки КООМЕТ 12 июни соли 1991 таъсис ёфта, яке аз созмонҳои бонуфузи минтақавӣ дар соҳаи метрология маҳсуб мешавад. Айни замон ба ҳайати он 17 давлат - Арманистон, Беларус, Булғория, Босния ва Герсоговина, Гурҷистон, Куба, Қазоқистон, Қирғизистон, Литва, Молдова, Озарбойҷон, Олмон, Русия, Словакия, Тоҷикистон, Туркия, Ӯзбекистон ва Ҷумҳурии Мардумии Хитой шомил мебошанд.Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 2009 бо ташаббуси Агентии Тоҷикстандарт барои узвият ба ин Созмон дархост пешниҳод намуда, 18 ноябри ҳамон сол бо қарори Шӯрои Президенти КООМЕТ расман ба ҳайати он қабул гардид.Тули 17 соли узвият дар КООМЕТ барои рушди соҳаи метрологияи кишвар имкониятҳои васеъ фароҳам оварда, дар ин давра мутахассисони тоҷик дар татбиқи стандартҳои байналмилалии ISO/IEC 17025 ва ISO 9001, такмили низоми аккредитатсия, мутобиқсозии стандартҳои миллӣ ба талаботи байналмилалӣ ва таъсиси озмоишгоҳҳои ҷавобгӯ ба меъёрҳои ҷаҳонӣ ба дастовардҳои назаррас ноил гардиданд.Бо дастгирии пайвастаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон имрӯз рушди инфрасохтори сифат, аз ҷумла, метрология, стандартизатсия ва сертификатсия ҳамчун яке аз самтҳои муҳими таъмини рақобатпазирии иқтисоди миллӣ ва ҳифзи манфиатҳои истеъмолкунандагон арзёбӣ мегардад. Дар ин раванд ҳамкориҳои байналмилалии Тоҷикстандарт бо созмонҳои минтақавӣ ва ҷаҳонии метрологӣ аҳамияти калидӣ доранд.Тазаккур бояд дод, ки дар идомаи кори ҷаласа маросими муаррифӣ ва ба истифода додани барномаи рақамии махзани маълумот оид ба фаъолияти КООМЕТ баргузор гардид. Ин низоми муосири иттилоотӣ бо мақсади такмили мубодилаи маълумот, ҳифз ва дастрасии фаврӣ ба ҳуҷҷатҳо, қарорҳо ва натиҷаҳои фаъолияти сохторҳои КООМЕТ таҳия шудааст. Дар маросими рамзии оғози фаъолияти он намояндагони ҳамаи давлатҳои аъзои Созмон ширкат варзида, бо пахши тугмаи сурх ба фаъолияти расмии барномаи мазкур ҳусни оғоз бахшиданд.Ҳамчунин, дар доираи чорабиниҳои ҷаласа 35-солагии таъсисёбии Созмони ҳамкориҳои АвруОсиёии муассисаҳои давлатии метрологӣ (КООМЕТ), ки ба 12 июни соли 2026 рост омад, бо шукӯҳу шаҳомати хосса таҷлил гардид. Зимни чорабинии ҷашнӣ роҳи тайнамудаи Созмон дар рушди ҳамкориҳои байналмилалӣ, таҳкими низоми метрология ва саҳми он дар таъмини ягонагии ченакҳо дар кишварҳои аъзо мавриди арзёбӣ қарор гирифта, иштирокдорон ба фаъолияти пурсамари КООМЕТ дар тули 35 соли мавҷудияташ баҳои баланд доданд.Дар анҷоми ҷаласа барои саҳми арзанда дар рушди соҳаи метрология ва иштироки фаъолона дар фаъолияти КООМЕТ дар қатори дигар мутахассисони давлатҳои аъзо, ҳамчунин, мутахассисони Ҷумҳурии Тоҷикистон бо диплом ва нишони фахрии Кумитаи КООМЕТ сарфароз гардонида шуданд.Метавон гуфт, ки баргузории Ҷаласаи 38-уми Кумитаи КООМЕТ дар шаҳри Душанбе боз як далели равшани афзоиши нуфузи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар арсаи байналмилалии метрология буда, барои таҳкими ҳамкориҳои илмӣ-техникӣ, рушди инфрасохтори сифат ва мутобиқсозии низоми миллии ченакҳо ба талаботи байналмилалӣ заминаи мусоид фароҳам овард.