ТОҶИКСТАНДАРТ ОГОҲ МЕКУНАД!
Шаҳрвандон ва истеъмолкунандагони азиз!
Дар шароити ҷаҳонишавӣ ва густариш ёфтани бозори истеъмолӣ баъзе нафарон барои ба даст овардани манфиати зиёд бо истифода аз номгӯйи молу маҳсулоти ниёзи аввалия, маҳсулоти қалбакӣ ё ба истилоҳ (подделка)-и онро омода намуда, ба муомилот мебароранд.
Дар асл онҳо бо тамғаи маҳсулоти аслӣ маҳсулоти қалбакии худро истеҳол мекунанд, вале сифат, ғизонокӣ, бехатарӣ, мазза, тамъ ва дигар хусусияти маҳсулоти аслиро надоранд.
Дар баробари ин, баъзе аз маҳсулотро тавре орову зебо менамоянд, ки зоҳири онро аз маҳсулоти аслӣ фарқ кардан бисёр душвор мегардад.
Вобаста ба ин ҳолат, бо дархости ширкати «SPLAT”, ки ба истеҳсол ва фурӯши маҳсулоти хамираи дандоншӯӣ машғул мебошад, аз тамоми шаҳрвандон ва истеъмолкунандагон талаб карда мешавад, ки аз маҳсулоти аслии он харидорӣ намоянд ва аз харидории маҳсулоти қалбакӣ, ки акси онҳо зер нишондода шудааст худдорӣ кунанд. Зеро маҳсулоти қалбакӣ ба ягон талаботи ҳуҷҷатҳои меъёрӣ, сифат, бехатарӣ ҷавобгӯ намебошад.
Ҳамчунин, маҳсулоти қалбакӣ дорои ягон ҳуҷҷати расмӣ, хусусан сертификати мутобиқат нест.
Вобаста ба ҳолати мазкур аз ҷониби кормандони Нозироти савдои Агентии Тоҷикстандарт мониторинг ва корҳои фаҳмондадиҳӣ оғоз гардида, миқдори муайяни маҳсулоти қалбакӣ аз муомилот гирифта шуд ва айни замон корҳо дар ин самт идома доранд.
Мо дар зер расмҳои аслии маҳсулот ва қалбакии онро мегузорем, ки бо даҳҳо хусусияти зоҳирии худ фарқ мекунанд. Аз шаҳрвандон хоҳиш карда мешавад, ки ба расмҳо хуб аҳамият дода, маҳсулоти аслиро харидорӣ кунанд.
Ба саломатии худ ва наздиконатон бетараф набошед!