Шанбегӣ дар Агентӣ
Дар заминаи омодагиҳо ҷиҳати дар сатҳи баланд таҷлил намудани ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ дар Агентӣ шанбегӣ ва ҳашари умумӣ гузаронида шуда, иҷрои корҳои ободонию тозагии майдони назди бинои маъмурӣ ва боғу гулгаштҳои он таъмин гардида истодааст.
Дар шанбегии навбатӣ кормандони Шуъбаи назорати давлатӣ дар маҷмааи агросаноатӣ ва Маркази ташхисии Агентӣ ба тоза намудани қитъаҳои алоҳидаи гирду атрофи бино ва нарм намудани бехи ниҳолҳои ороишӣ фаро гирифта шуданд.