ТОЗАГӢ ВА НИГОҲУБИНИ ТАБИАТ ДАР МУҲИТИ КОРХОНА
Тозаву озода нигоҳ доштани гирду атроф ва ҳамзамон нигоҳубини дурусти дарахтону гулҳо на танҳо ба зебоии муҳит, балки ба саломатии кормандон ва рӯҳияи онҳо таъсири мусбат мерасонад.
Вобаста ба сазовор таҷлил кардани 35 солагии Истиқлоли давлатӣ дар Агентии Тоҷикстандарт нақша-чорабиниҳо ҷиҳати корҳои ободонию сарсабз нигоҳ доштани муҳити атроф ва гулгаштҳои назди идора, ҳар рӯзи шанбе кормандони раёсату шуъбаҳои Агентӣ бо навбат шанбегӣ доир менамоянд.
Ин навбат кормандони Нозироти савдои Агентии Тоҷикстандарт дар гулгашти Агентӣ корҳои сарсабзкунӣ ва суст кардани бехи дарахтонро анҷом доданд.
Дар баробари тозагӣ, нигоҳубини дарахтон ва кабудизоркунӣ аҳамияти махсус дорад. Дарахтон на танҳо муҳитро зебо мегардонанд, балки ҳаворо тоза мекунанд, соя фароҳам меоранд ва ба муҳити зист таровати хос мебахшанд. Барои он ки дарахтон солим ва сарсабз бошанд, лозим аст, ки ба онҳо мунтазам нигоҳубин карда шавад.
Ин амал имкон медиҳад, ки хок нарм гардида, ҳаво ва об ба решаи дарахт беҳтар ворид шаванд. Дар натиҷа, дарахт хубтар рушд мекунад ва баргу шохаҳои он сабзу хуррам мегарданд. Агар бехи дарахт сахт ва фишурда бошад, реша ба қадри кофӣ ғизо намегирад ва рушди он суст мешавад.
Ҳамчунин, обёрии саривақтӣ, буридани шохаҳои хушк ва муҳофизат аз ҳашароти зараррасон низ аз ҷумлаи чораҳои муҳим мебошанд. Ин амалҳо ба солимии дарахтон мусоидат карда, муҳити корхонаро зебо ва ҷолиб нигоҳ медоранд.
Тозаву озода нигоҳ доштани гирду атрофи корхона ва нигоҳубини дурусти дарахтон вазифаи муҳим ва масъулияти ҳар як шахс мебошад. Аз ин рӯ, ҳар яки мо бояд дар ободонӣ ва ҳифзи табиат саҳми арзандаи худро гузорем, то муҳити корӣ ҳамеша сарсабзу хуррам ва тоза боқӣ монад.