Шанбегӣ дар Агентӣ
Дар доираи ба роҳ мондани корҳои ободонӣ ва дар ин замина омодагиҳо ҷиҳати дар сатҳи баланд таҷлил намудани ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ мутобиқи нақша дар Агентии Тоҷикстандарт шанбегӣ ва ҳашари умумӣ гузаронида шуда, иҷрои корҳои ободонию тозагии майдони назди бинои маъмурӣ ва боғу гулгаштҳои он таъмин гардида истодааст.
Бо дарназардошти ин, дар шанбегии навбатӣ кормандони Раёсати баҳодиҳии мутобиқати Агентӣ ба тоза намудани қитъаҳои алоҳидаи гирду атрофи бино ва нарм намудани бехи ниҳолҳои ороишӣ фаро гирифта шуданд.
Дар доираи омодагиҳо барои вусъат додани корҳои ободонӣ дар Агентӣ дар рӯзҳои муқарраршуда гузаронидани шанбегиҳо ва ҳашари умумӣ пешбинӣ гардида, амалӣ намудани корҳо дар ин самт зери назорати қатъӣ қарор дода шудааст.