Нақши регламенти техникӣ дар таъмини ҳимояи бозори истеъмолӣ
Санаи 27-уми феврали соли равон дар бинои Агентии Тоҷикстандарт бо доираи васеи соҳибкорон семинар - машварат баргузор карда шуд. Дар кори он, муовинони директори Агентӣ Сафарзода Мансур, Рустамзода Малоҳат, сардори Нозироти савдои Агентӣ Шерализода Суҳроб, намояндаи Кумитаи бехатарии озуқаворӣ ва КВД Экспертиза ва озмоиши маҳсулоти фармасевтӣ ва тиббӣ, инчунин, намояндагони бозорҳо ва фурӯшандагону соҳибкорон иштирок намуданд.
Дар семинар таъкид рафт, ки масъалаи ҳифзи бозори истеъмолии мамлакат ва ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон дар мадди аввали фаъолияти Агентии Тоҷикстандарт қарор дорад. Ҳадаф ин назорат ва ҳимояи бозори истеъмолӣ, яъне пешгирӣ аз воридот ва фурӯши молу маҳсулоте, ки ба талабот ҷавобгӯ нест, инчунин, дарёфт ва аз муомилот гирифтани молу маводҳои пастсифат ва зараррасоне, ки ба ҳаёти одамон зарар дорад, мебошад.
Дар доираи таъмини сифат ва бехатарии маҳсулот, ҳифзи бозори истеъмолӣ аз молу маҳсулот ва хизматрасонии пастсифат ва ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон, инчунин, ғизои кӯдакон хусусан шири хушк, кормандони Нозироти савдои Агентии Тоҷикстандарт аз соҳибкорон, фурӯшандагон, воридкунандагони молу маҳсулот даъват ба амал оварданд, ки дар вақти ба фурӯш баровардани маҳсулоти хӯрокворӣ, талаботи қонунҳоро оид ба қоидаҳои савдо, ҳамсоягии молу маҳсулот, пӯшидани сару либоси кориву нишони сарисинагӣ, ҳамлу нақли маҳсулот, шароити нигоҳдорӣ, таъмини сифат ва бехатарии молу маҳсулот ва пешгирии воридшавии маҳсулоти пастсифат дар марказҳои савдо ва бозорҳо риоя намоянд.
Тазаккур бояд дод, ки яке аз самтҳои фаъолияти кормандони Нозироти савдо ҷиҳати роҳандозӣ кардани кору фаъолият дар асоси қонунҳои амалкунандаи соҳавӣ, аз қабили Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон”, «Дар бораи таъмини ченаки ягона», «Дар бораи стандартонӣ», «Дар бораи баҳодиҳии мутобиқат», «Дар бораи бамеъёрдарории техникӣ», «Дар бораи санҷиши фаъолияти субъектҳои хоҷагидор», «Дар бораи бехатарии маҳсулоти хӯрокворӣ» ва “Дар бораи савдо ва хизматрасонии маишӣ” амалӣ карда мешавад.
Ёдовар бояд шуд, ки натиҷаи ҳамин гуна корҳои тавзеҳотию фаҳмондадиҳӣ аст, ки соҳибкорони масъулиятшинос молу маҳсулоти муҳлати истеъмолиаш гузашта ва ё ғайри қобили истифодаро ба Агентии Тоҷикстандарт месупоранд.
Дар семинар таъкид рафт, ки ин раванд аз ҷониби дигар соҳибкорон низ идома дода шуда, дар таъмини ҳимояи бозори истеъмолӣ ва тоза нигоҳ доштани он заминаи мусоид фароҳам хоҳад овард.
Дар идомаи семинар - машварат дигар мутахассисон роҷеъ ба мавзӯи матраҳгардида баромадҳо анҷом доданд. Аз ҷумла иброз доштанд, ки сатҳи маърифати ҳуқуқии истеъмолкунандагон сол то сол боло рафта истодааст. Онҳо ҳангоми харидории маҳсулот ба сифати он, муҳлати истифода, ранг, бӯй, лаззат, санаи барориш, ҳолати нигоҳдории маҳсулот эътибори ҷиддӣ дода, аз фурӯшанда сертификати мутобиқати маҳсулотро ҳатман талаб менамоянд. Аз тарафи нозирони Агентии Тоҷикстандарт омӯзиши пайваста гузаронида шуда, зимни ширкат дар семинар - машваратҳо бо иштироки кормандону мутахассисони соҳа сатҳи маърифати шаҳрвандон боло бурда мешавад. Иброз бояд дошт, ки дар баробари корҳои фаҳмондадиҳию тавзеҳотӣ кормандони Нозироти савдо ҷиҳати риояи талаботи регламентҳои техникӣ бо соҳибкорон ва истеҳсолкунандагон корбарии доимӣ доранд. Дар охири семинар миёни иштирокчиён мубодилаи афкор сурат гирифт. Онҳо роҷеъ ба масъалаҳои баррасишуда хусусан вобаста ба ғизои кӯдакона андешаҳои гуногуни худро иброз доштанд. Дар баробари ин, ба мутахассисон саволҳо пешниҳод карданд, ки ҷавобҳои қаноатбахш гирифтанд.