Санаи 7-уми январи соли 2026 дар бинои Агентии Тоҷикстандарт ҷаласаи мушовараи ҷамъбасти фаъолияти Агентӣ дар соли 2025 баргузор гардид. Дар ҷаласа роҳбарият, кормандони дастгоҳи марказӣ ва сардорони раёсату марказҳои вилоятию минтақавии Агентӣ иштирок карданд.
Тибқи рӯзномаи ҷаласа фаъолияти Агентии стандартизатсия, метрология, сертифкатсия ва нозироти савдои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2025 натиҷагирӣ шуда, инчунин, вазифаҳо барои фаъолияти минбаъда муайян карда шуданд.
Дар раванди ҷаласа, аз ҷониби директори Агентии Тоҷикстандарт муҳтарам Раҳмон Исломиддин Хайриддин самтҳои фаъолияти раёсату марказҳои зерсохтор ҷиҳати ҳимояи бозори истеъмолӣ, назорати давлатии воситаҳои ченак, корбурди озмоишгоҳҳои ташхиси маҳсулоти хӯрокворӣ ва сертификаткунонии молу маҳсулот, мусоидат ба содироти маҳсулоти кишоварзӣ ва дигар паҳлуҳои соҳа дар алоҳидагӣ мавриди таҳлил қарор гирифта, аз масъулини соҳа пурсида шуд.
Ҳамзамон, муовинони директор, сардорони раёсатҳо, роҳбарони марказҳои вилоятию минтақавии Агентӣ вазифадор карда шуданд, ки оид ба камбудиҳои ҷойдошта нақша-чорабиниҳо тартиб дода, ҷиҳати бартараф намудани онҳо дар фаъолияти минбаъда тадбирҳои амалӣ андешанд.
Дар ҷаласа, ҳамзамон, аз ҷониби намояндаи Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти Агентӣ дар соли 2025 қаноатбахш арзёбӣ шуда, вобаста ба иҷрои саривақтии дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, супоришу нақша - чорабиниҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Барномаву Стратегияҳои давлатӣ бо мақсади баланд бардоштани сифат ва рақобатпазирии маҳсулоти ватанӣ, дар ин замина дастгирии соҳибкорӣ дар соҳаи истеҳсолӣ, ҳифзи бозори истеъмолӣ аз воридоти молу маҳсулоти пастсифат, мусоидат ҷиҳати баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии соҳибкорону истеъмолкунандагон, тақвият бахшидан ба рушди хизматрасониҳо, ба танзим даровардани фаъолияти бозору нуқтаҳои савдо, инчунин, риояи одоби хизмати давлатӣ, интизоми меҳнат, пешгирии амалҳои коррупсионӣ, гузаронидани чорабиниҳои гуногуни маърифатӣ ва илмию амалӣ ба хотири дар ҷавонон ташаккул додани тафаккури зарурӣ дар самти шинохти бештари манфиатҳои миллӣ ва ҳавасманд сохтани ҷавонони фаъол, ба тартиб даровардани коргузориҳо, татбиқи қонунҳои амалкунанда ва дигар дастуру санадҳои меъёрии соҳа супоришҳои мушаххас дода шуд.