28 September 2026
Дар партави Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
ПАЁМ - РОҲНАМОИ НАВ БА СӮЙИ ИҚТИСОДИ РАҚАМӢ ВА СОҲИБКОРИИ ИННОВАТСИОНӢ
Раҳмон Исломиддин Хайриддин,
директори Агентии Тоҷикстандарт
Бояд тазаккур дод, ки Тоҷикистон тайи солҳои охир яъне то фаро расидани давраи буҳронӣ дар иқтисоди ҷаҳонӣ ба марҳалаи рушди устувори иқтисодӣ ворид шуда, бо вуҷуди сардии зимистон ва маҳдудияти неруи барқ дар самти беҳтару хубтар намудани вазъи зиндагии мардум ба дастовардҳо ноил гардид. Тавре ки ҳамагон дар хотир доранд, дар Паёми соли гузашта ба мақоми олии қонунгузории мамлакат ба хотири рушди иқтисодиву иҷтимоии кишвар, роҳандозии як силсила тадбирҳои бунёдкориву созандагӣ пешбинӣ шуда буданд. Дар заминаи амалӣ гардидани ин чораву тадбирҳо ба пешравии кишвар ва ҳалли масъалаҳои муҳими он заминаи мустаҳкам гузошта шуд.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон чун ҳамасола дар Паёми хеш самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии кишварамонро муфассал таҳлил намуда, ҷиҳати рушду такомули соҳаҳои мухталифи иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва илму фарҳанг пешниҳодҳои ҷолибе намуданд, ки баҳри пешрафти тамоми самтҳои ҳаёти ҷомеа чун ҳуҷҷати раҳнамо хизмат менамояд. Ин ҳуҷҷати муҳим фарогири тамоми ҷанбаҳои ҳаёти ҷомеа буда, дар он соҳаҳои мухталифи хоҷагии халқи кишвар, мавриди таҳлили амиқ қарор гирифтаанд.
Мусаллам аст, ки ҳадафи асосии сиёсати хирадмандонаю бунёдкоронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, қабл аз ҳама, фароҳам сохтани имконоти мусоид барои зиндагии арзанда ва дар ин замина боло бурдани нуфузуи Тоҷикистон дар арсаи байналмилалист ва Сарвари давлат бо такя ба ин сиёсати пешгирифта чунин баён намуданд: «... рӯзи 12-уми декабри соли ҷорӣ бо ташаббуси Тоҷикистон дар ҷаласаи 7-уми Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид оид ба муҳити зист қатънома доир ба «Ҳифзи пиряхҳо ва криосфера, бахусус, дар мннтақаҳои кӯҳӣ» қабул карда шуд. Инчунин, бо ташаббуси дигари кишвари мо қатънома махсуси Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид зери унвони «Нақши зеҳни сунъӣ дар фароҳам овардани имконоти навин барои рушди устувор дар Осиёи Марказӣ» қабул гардид.
Боиси ифтихор аст, ки ки 12-уми декабри соли ҷорӣ бо иқдоми Тоҷикистон қатъномаи Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид дар хусуси эълон кардани соли 2027 ҳамчун «Соли байналмилалии маърифати ҳуқуқӣ» қабул гардид. Пазируфтани ин ташаббусҳо ифодаи эътироф ва дастгирии ҷомеаи ҷаҳонӣ аз ибтикороти созандаи Тоҷикистон оид ба масъалаҳои мубрами рӯзномаи глобалӣ ба ҳисоб меравад».
Паёми Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз 16-уми декабри соли 2025, ҳамчун ҳуҷҷати сарнавиштсоз дар таърихи муосири кишвар сабт хоҳад шуд. Ин Паём дар марҳилае ироа гардид, ки ҷаҳон дар остонаи инқилоби чоруми саноатӣ ва гузариш ба иқтисоди «сабз» қарор дорад. Пешвои муаззами миллат ду самти калидӣ - дастгирии бесобиқаи соҳибкорӣ ва интегратсияи зеҳни сунъиро ҳамчун афзалиятҳои миллӣ эълон намуданд. Ин иқдом маънои онро дорад, ки Тоҷикистон модели рушди худро аз захираҳои табиӣ ба сӯйи захираҳои зеҳнӣ ва технологӣ тағйир медиҳад.
Дар ин замина Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ба маврид қайд намуданд, ки «Ҳукумати мамлакат бояд самтҳои афзалиятноки рушди технологияҳои рақамӣ ва зеҳни сунъӣ, саноатикунонии босуръат бо технологияҳои муосир, истифодаи имкониятҳои транзитӣ ва сайёҳӣ, идомаи ислоҳоти идоракунии давлатӣ, дастгирии соҳибкорӣ ва беҳтар гардонидани фазои сармоягузориро тақвият бахшад».
Дар Паём таъкид шуд, ки соҳибкорӣ муҳаррики асосии рушди иқтисодӣ ва манбаи таъсиси ҷойҳои нави корӣ мебошад ва таъкид гардид, ки «Бо ҷалби сармояи ватаниву хориҷӣ ҷиҳати таъсис додани корхонаҳои нав барои коркарди пурраи ашёи хоми ватанӣ, хусусан маъдан, металлҳои ранга ва нодиру қиматбаҳо, маҳсулоти кишоварзӣ ва растаниҳои шифобахш тадбирҳои иловагӣ андешида, афзоиши ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти содиротӣ ва ивазкунандаи воридот зиёд карда шавад».
Барои ноил шудан ба ин ҳадафҳо, як қатор ташаббусҳои муҳим, аз ҷумла, ислоҳоти маъмурӣ, рақамикунонии назорат, имтиёзҳои молиявӣ ва дастрасӣ ба сармоя пешниҳод гардиданд.
Дар ин замина Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дастур доданд, ки то охири соли 2026 ҳамаи равандҳои иҷозатдиҳӣ ва санҷиши фаъолияти соҳибкорӣ пурра ба шакли электронӣ гузаронида шаванд, ҳамзамон, таъкид гардид, ки фоизи қарзҳои бонкӣ барои соҳибкороне, ки технологияҳои инноватсиониро ворид мекунанд, коҳиш дода шавад.
Яке аз нуктаҳои ҷолибтарин ва муосири Паём, таваҷҷуҳи хосса ба зеҳни сунъӣ буд. Дар ин самт, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон на танҳо вазифаҳо, балки механизмҳои иҷрои онҳоро низ муайян карданд ва дар заминаи таъсиси инфрасохтори интеллектуалӣ, барои рушди зеҳни сунъӣ дар кишвар ба Ҳукумати мамлакат супориш дода шуд, ки ба мақсади истифодаи имкониятҳои зеҳни сунъӣ дар раванди рушд доир ба таъсиси Корпоратсияи миллии зеҳни сунъӣ, Маркази минтақавии зеҳни сунъӣ ва маҷмааи марказҳои коркарди «маълумоти сабз» чораҷӯйӣ намояд.
Зеҳни сунъӣ ҳамчун «мағзи» иқтисоди рақамӣ дар соҳаҳои гуногун, аз ҷумла,ӣидоракунии давлатӣ ва дигар самтҳои муҳим истифода хоҳад шуд. Зимнан, Президенти мамлакат, изҳор доштанд, ки «Имрӯз моро зарур асг, ки раванди идоракунии давлатиро бо истифода аз технологияҳои рақамӣ ва зеҳни сунъӣ ба роҳ монда, таъсири омили инсониро дар тамоми соҳаҳо ва ҳама гуна муносибатҳои молиявӣ коҳиш диҳем».
Бояд қайд кард, ки имрӯз рушди технология бе инсон имконнопазир аст. Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пешииҳод намуданд, ки дар донишгоҳҳо ихтисосҳои муосир ба таври оммавӣ ҷорӣ карда шаванд. Инчунин, ҷудо намудани квотаҳои махсус барои таҳсили ҷавонон дар марказҳои технологии ҷаҳонї дар назар дошта шудааст.
Таҳлили Паём нишон медиҳад, ки яке аз ташаббусҳои созандаи Ҳукумати мамлакат, дар заминаи талаботи замони муосир ин табдил додани соҳибкории анъанавӣ ба соҳибкории рақамӣ мебошад.
Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 16-уми декабри соли 2025 як гардиши куллӣ дар сиёсати иқтисодии кишвар аст. Омезиши озодии соҳибкорӣ ва қудрати зеҳни сунъи имкон медиҳад, ки Тоҷикистон дар харитаи технологии ҷаҳон мавқеи сазовори худро пайдо кунад.
Иҷрои саривақтии дастурҳои дар Паём зикршуда на танҳо боиси афзоиши ММД мегардад, балки сифати зиндагии ҳар як шаҳрвандро баланд бардошта, заминаи мустаҳкамеро барои наслҳои оянда мегузорад. Ин ҳуҷҷат собит сохт, ки Тоҷикистон ба сӯйи ояндаи рақамӣ ва инноватсионӣ бо қадамҳои устувор пеш меравад.
Президенти мамлакат, инчунин, ҷиҳати баланд бардоштани маърифатнокию касбият, шинохти таърихи пурғановату фарҳангу тамаддуни миллӣ, омӯзиши илм, забондонӣ таъкид доштанд, ки азхудкунии донишҳои замонавӣ пурзӯр гардонида шуда, ба таълиму тарбияи наврасону ҷавонон диққати ҷиддӣ диҳем.
Аз сиёсати пешгирифтаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар баробари ҳамаи қишрҳои ҷомеа, аз ҷумла, кормандони Агентии Тоҷикстандарт якдилона пуштибонӣ менамоянд ва ин ҳуҷҷати муҳим аз рӯзҳои аввал мавриди омӯзиши амиқу ҳамаҷонибаи аҳли кормандони Агентӣ қарор гирифтааст.
Дар раванди Паёми навбатии худ дар баробари дигар таъкидҳои хирадмандона Пешвои муаззами миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, инчунин, бо эҳсоси падарона якчанд сухани таъсирбахшу хотирмон гуфтаанд, ки иҷрои ин таъкидҳо бешубҳа боиси пешрафти ҷомеаву кору пайкори мо низ мешаванд.
Тавре ки Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид намуданд, дар шароити буҳрониву ноороме, ки ҷаҳони имрӯза қарор дорад, ҳифзи истиқлолу озодӣ, заҳмат ба хотири пешрафти давлат ва ободии Ватан вазифаи аввалиндараҷаву ҳаррӯзаи ҳар як шаҳрванди бонангу номуси мамлакат маҳсуб меёбад.
Пас биёед, ҳама якҷову ҳадафмандона, бо рӯҳияи баланди миллӣ, шукргузориву ифтихор аз соҳибватаниву соҳибдавлатӣ ва фарҳангу тамаддуни беш аз шашҳазорсолаи тоҷикон барои боз ҳам ободу пешрафта гардонидани Ватани маҳбубамон - Тоҷикистон ва баланд бардоштани обрӯи он дар арсаи байналмилалӣ кӯшишу талош намоем.