ТОҶИКСТАНДАРТ: САРФАҶӮӢ ВА САМАРАНОК ИСТИФОДА БУРДАНИ НЕРУИ БАРҚ МАСЪУЛИЯТИ ҲАР ЯК ИСТЕЪМОЛКУНАНДА АСТ!
Ҳамватанони азиз!
Мусаллам аст, ки дар кишварамон муддати чанд соли охир дар соҳаи энергетика ба дастовардҳои назаррас ноил шудаем. Аммо тавре ҳамагон огоҳем, дар сайёра раванди тағйирёбӣ ва гармшавии иқлим босуръат идома дорад, ки таъсири он, хусусан, тайи чанд соли охир ба Тоҷикистон низ мушоҳида мешавад.
Тирамоҳу зимистони соли 2023-2024 дар минтақаҳои ташаккулёбии маҷрои дарёҳои мамлакат боришоти барф бениҳоят кам буд ва чунин ҳаҷми об нишонаи равшани он аст, ки дар кӯҳҳо захираи барф кам мебошад ва тибқи хулосаи коршиносони соҳа имрӯзҳо дар обанбори Норак захираи об нисбат ба муқаррарот кам аст.
Мардуми мо хуб медонанд, ки фасли зимистон нисбат ба тобистон мушкилоту сахтиҳои худро дорад ва мутаассифона бо вуҷуди андешидани тадбирҳои зиёд ҳоло ҳам талафоти зиёди неруи барқ ҷой дорад. Яъне мо имрӯз метавонем бо истифодаи сарфакоронаи неруи барқ ва роҳ надодан ба талафоти неруи барқ мушкилоти фаслҳои тирамоҳу зимистони дарпешистодаро пешгирӣ намоем.
Бо ҳамин мақсад Агентии Тоҷикстандарт аз шаҳрвандон ва истеъмолкунандагон хоҳиш менамояд, ки вазъиятро дуруст дарк намоянд ва ҳар як шаҳрванд, ҳар як оила, тамоми ташкилоту муассисаҳо ва ширкату корхонаҳо, сарфи назар аз шакли моликият, бояд ба талафоти беҳудаи барқ роҳ надода, ҳамзамон, истифодаи оқилонаву сарфакоронаи барқро таъмин намоянд.
Ҳамаи мо бояд як масъаларо дар назар дошта бошем, ки агар имрӯз неруи барқро сарфакорона ва мақсаднок истифода барем ва дар обанбор ҳаҷми зарурии обро захира намоем, метавонем фасли зимистонро бе мушкиливу сахтӣ паси сар кунем.