РӮЗИ ПРЕЗИДЕНТ - ТАҶАССУМГАРИ ВАҲДАТ, СУЛҲ ВА ДАВЛАТСОЗӢ
Раҳмон Исломиддин Хайриддин,
Директори Агентии Тоҷикстандарт
Дар таърихи навини давлатдории тоҷикон Рӯзи Президент чун санаи мубораку арзишманд ва рамзи саодати миллат мақоми шоиста дошта, ба тақдири ин халқу миллат ва Тоҷикистони азиз шукуҳу шаҳомати тоза бахшида аст. Арҷгузорӣ ба ин санаи муқаддас нишони садоқату муҳаббати халқи тоҷик ба он сиёсат, тадбир ва талошест, ки Тоҷикистони соҳибистиқлолро аз вартаи нобудӣ ва ноумедӣ ба олами сулҳу субот ва амнияти пойдор расонид. Дар хотираи таърих ва зеҳни халқи сарбаланди тоҷик ин рӯзи муборак ва мондагор бо ду арзиши муқаддас, яъне ваҳдати миллӣ ва сулҳу амонӣ пайванд хӯрдааст.
Барои дарк кардани моҳият ва мафҳуми ин санаи таърихӣ ва мондагор, ҳар фарди худшиноси тоҷик бояд ба таърихи гузашта, аниқтараш солҳои пурошӯбе, ки дар Тоҷикистон ҷанги бародаркушӣ оғоз гардид, назар кунад. Дар он даврони тақдиршикан халқи тоҷик ба марҳилаи шадиди буҳронӣ ворид шуда, аз байн рафтани амну низом, парокандагии ҷомеа, хисороти иқтисодӣ ва дар як рӯз ба хоку хун ғалтидани садҳо нафар аз мардуми тоҷик, миллатро дар остонаи завол қарор дода буд.
Дар чунин як вазъияти хело шадиду ҳассос барои ин миллат ва давлат роҳбари сарсупурдае лозим буд, ки бо садоқати зиёд ва азми тавоно тамоми неруи худро ба ҳифзи Истиқлоли миллӣ ва наҷоти халқу Ватан равона сохта кишварро аз парокандагӣ ва нобудшавӣ наҷот диҳад.
Сарнавишт дар ин як замони пурталотум ва ҳалокатбор ба миллати тоҷик шахсиятеро эҳдо кард, ки тавонист роҳи наҷоти ӯро пайдо намояд. Ин сулҳи деринтизор бо дастони шахсияте ба миллати тоҷик расид, ки ӯро ном Эмомалӣ Раҳмон буд.
Эмомалӣ Раҳмон як фарзанди содиқи халқу миллате, ки ҳамагӣ 40 сол дошт бо як сарбаландӣ ва боварӣ дар Иҷлосияи сарнавиштсози Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба сифати Раиси Шӯрои Олӣ савганд ёд намуд, ки ба Тоҷикистон сулҳ меорад, то охирин гурезаро ба Ватан бармегардонад ва миллати азияткашида ва парокандаи тоҷикро сарҷамъ мекунад. Ин суханҳои таърихӣ умеди мардумро ба зиндагии ором, ояндаи хуб ва сулҳу амонии безавол дучанд намуд.
Бузургии ин шахсияти таърихӣ пеш аз ҳама дар он таҷассум меёбад, ки мардонавор дар қавлашон истода, ба он кӯшишҳои зиёд карданд ва ҳамин буд, ки ба олитарин сатҳи орзуи хеш расиданд. Бо амри Ватан ба хотири Ватан пас аз талошҳои ҷонфидоёна, сафарҳои пурхатар ва гуфтугӯҳои созанда бо гурӯҳҳои мухолифи сиёсӣ ба ин абармарди сиёсат, шуҷоъ ва хирадманд муяссар шуд, ки ба ивази гарави ҷони худ ваҳдату сулҳро дар кишвар барқарор намояд. Ҳар як фарди шукргузор ва солимандеши тоҷик имрӯз хуб дарк мекунад, ки аз рӯзи ба даст гирифтани ихтиёри давлатдорӣ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон тавассути хизматҳои фидокоронаи худ баҳри наҷоти миллату давлати тоҷикон камар баста, дар баробари хомӯш намудани оташи ҷанги таҳмилии дохилӣ барои таҳкими ҳокимият ва давлат шароит муҳайё намуданд ва заминаи сулҳи миллиро матраҳ карда, гурезаҳову муҳоҷирони иҷбориро ба Ватан баргардониданд ва дар эъмори ҷомеаи навини Тоҷикистон, заминаи устувор гузоштанд.
Тавассути хизматҳои шоиста дар назди халқу ватан сохтори фалаҷгардидаи ҳокимият, хусусан мақомоти ҳифзи ҳуқуқро барқарор сохта, артиши миллӣ ва неруҳои посбонии сарҳадро таъсис доданд. Фароҳам гардидани чунин шароит барои гузаштани кишвар ба марҳилаи барқарорсозии иқтисодиёт ва оғози корҳои созандагию бунёдкорӣ, заминаи боэътимод гузошт. Маҳз ин корномаи шоистаи таҳсини ин абармарди шуҷои Ватан аст, ки мардуми шарифи Тоҷикистон ӯро чун мунодии асили гуманизм садоқатмандона дӯст дошта, зимоми ояндаи кишварро ба дасти муборакашон супориданд.
Таҷрибаи муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун Пешвои маҳбуби тоҷикон ва Президенти сулҳофар дар таҳкими ҳокимияти давлатӣ ва пойдории истиқлолу ваҳдати миллӣ барои мо як мактаби бузурги ҳаёт ва сабақи нотакрори давлату давлатдорӣ, марҳалаи ибратомӯзи расидан ба сулҳу ваҳдати миллӣ, як қадами ҷиддии рӯ овардан ба нақшаҳои азими офарандагӣ мебошад, ки ҳадафҳои бузурги он бо тақдири наслҳои оянда пайвастаанд.
Ин раванд инқилоби арзишманду таърихӣ буда, дар ҳаёти иқтисодию сиёсӣ ва иҷтимоии мамлакат ба сиёсати серҷабҳа ва бобарори Пешвои миллат иртиботи ногусастанӣ дорад ва ба устувории рукнҳои давлатдорӣ мусоидат карда, неруҳои солиму пешбарандаро ба тарҳрезии фардои боз ҳам осудаю обод ҳидоят менамояд
Боиси ифтихор ва таҳкими сарфарозиҳои ғурури миллии мо аст, ки ҳоло сокинони сайёраи Замин кишвари моро чун як кишвари ояндадор ва соҳиби обрӯи бесобиқа дониста, таҷрибаи сулҳи тоҷиконро сарлавҳаи маромномаи зиндагии хеш қарор додаанд. Дар хатти муқаддами ҳамаи ин дастовардҳои беназире, ки халқи меҳнатқарини тоҷик дар тули 34 соли Истиқлол ба даст овард, номи таърихсози Президенти мардумӣ ҷовидона аз худ рақам мемонад.
Бо самимияти зиёд чунин як рӯзи фархунда ва муборакро ба тамоми мардуми шарафманди Тоҷикистони офтобӣ шодбош ва таҳният гуфта, ба ин халқи саодатманди даврон таҳти сарварии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ояндаи дурахшон, ваҳдати ҷовидонӣ, хушбахтӣ ва саодатмандии бардавомро таманно дорам.
Рӯзи Президент- чун рамзи таҷассумгари ваҳдат, сулҳ ва давлатсозӣ муборак бошад!