Ҳадафи асосӣ-рушди соҳибкорӣ
СОҲИБКОРӢ - ВАТАНДОРИСТ
Раҳмон Исломиддин Хайриддин,
директори Агентии Тоҷикстандарт
Дар шароити рақобати шадиди иқтисодии кишварҳо вазифаи асосии мову шумо имрӯз аз он иборат аст, ки дар баробари таъмини аҳолии кишвар бо маҳсулоти зарурии истеҳсоли ватанӣ ва кору хизматрасонии рақобатпазир Тоҷикистонро дар бозорҳои ҷаҳонӣ бо молу маҳсулоти хушсифат ва бозоргир муаррифӣ намоем.
Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон
Мусаллам аст, ки ҳадафи асосии сиёсати хирадмандонаву бунёдкоронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пеш аз ҳама таъмини аҳолӣ бо зиндагии арзанда, боз ҳам беҳбудӣ бахшидани ҳолати молиявии онҳо ва дар ин замина боло бурдани обрӯву эътибори Тоҷикистон дар арсаи байналмилалист.
Бо дарназардошти таҳлили таҷрибаи ҷаҳонӣ дар рушди соҳаи соҳибкории хурду миёна, пеш аз ҳама зарур аст, ки фаъолияти мақсадноки баланд бардоштани сифат ва бехатарии маҳсулотро дар истеҳсолот таъмин намоем.
Бо таваҷҷуҳ ба таърихи идоракунии сифат ва стандартизатсияи ҷаҳонӣ, махсусан, аз назарияҳои дар амал татбиқгардидаи олимону мутахассисон далелҳои зиёд овардан мумкин аст, аз ҷумла, чанд сол пеш бо фармони Императори Ҷопон ба олими америкоӣ, доктор Эдвардс Уилям Деминг (пас аз маргаш) унвони “Қаҳрамони миллии Ҷопон” дода шуд ва чунин сарфарозгардонӣ кулли мардуми ин кишварро қонеъ намуд. Зеро ҷопониҳо дар офариниши маҳсулоти босифату рақобатпазир ва рушди саноати худ аз назарияҳои илмии ин олими шинохта хеле баҳраманд гардидаанд. Бар замми ин унвон, дар кишвари Ҷопон барои истеҳсолкунандагони маҳсулоти баландсифат, ки молашон ба талаботи стандартҳои ҷаҳонӣ ҳамаҷониба мутобиқанд ва хоса барои шахсиятҳои дар соҳаҳои истеҳсолот навовар, мукофоти махсус бо номи “Ҷоизаи Деминг” таъсис гардидааст.
Ё худ афкору назарияҳои илмии донишманди намоёни ин соҳа, ҳаммаслаки Деминг, Арманд Фейгенбаум аз миёни солҳои панҷоҳуми қарни ХХ сар карда, пайваста чандин намуди истеҳсолоти хушсифати ҷаҳониро тақвият медиҳад.
Ақидаҳои илмии олими машҳури соҳаи иқтисодиёти Ҷопон Каору Исикава, ки дар асарҳои пурқадри илмиаш “Муъҷизоти Ҷопон дар иқтисодиёт” ва “Унсурҳои идоракунии сифат дар Ҷопон” дарҷ гардидаанд, ҳамарӯза мавриди омӯзишу истифодаи иқтисодшиносону менеҷерҳои кишварҳои олам қарор доранд ва дар ин замина тибқи омӯзиши таҷрибаи пешрафта пайвастани илму истеҳсолот, айни замон барои рушди иқтисоди кишвари мо, алалхусус рӯ овардани соҳибкорон ба ин кор, яке аз вазифаҳои асосӣ мебошад.
Тавре маълум аст, барои рушди соҳаи саноат илм ва инноватсия заминаи асосӣ ба ҳисоб мераванд. Зеро саноат метавонад дар доираи инноватсияву навовариҳои илмие, ки аз ҷониби олимон пешниҳод мегардад, рушд намояд.
Воқеан, Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба созандагию бунёдкорӣ ба хотири фардои обод ва шукуфони Тоҷикистон ҷаҳду талош доранд ва мунтазам дар вохӯриҳову баромадҳои хеш ақидаҳои худро баён мекунанд, аз ҷумла, дар дар ин хусус чунин таъкид кардаанд: «Пайванди амиқтари илм ва истеҳсолот, ширкати васеъ ва босамари муассисаҳои гуногуни иқтисодиву иҷтимоӣ дар тақвияти пойгоҳҳои илм, тарбияи мутахассисони баландихтисос ва таҳкими неруи техникию технологӣ тақозои рӯз аст». Ҳама гуна шуғлу амали мо бояд тартиб, этика, меъёр ва сифату зебогии хос дошта бошад. Баъзе коршиносон ақида доранд, ки бо ворид намудани дастгоҳҳои замонавию нав дараҷаи зарурии истеҳсолотро зуд барқарор намуда, истеҳсоли маҳсулоти босифатро дар муддати кӯтоҳ ба роҳ мондан мумкин аст. Вале ин ақида ҳанӯз пурра ва мукаммал нест, зеро маҳсулоти лоиқу босифатро танҳо дастгоҳ не, балки аввалан зеҳни одамӣ ва дастони моҳир меофарад. Сониян, офарандаи маҳсулоти босифату зебо, бояд худ дорои сифатҳои арзандаи инсонӣ бошад ва ба манфиати халқу Ватан хизмат намояд, зеро соҳибкорӣ ин пеш аз ҳама ватандорист! Дар шароити ҳассоси муносибатҳои геосиёсӣ, авҷ гирифтани бархӯрдҳои тиҷоратӣ ва таҳримҳо байни кишварҳои абарқудрати ҷаҳон гузоштани заминаҳои мусоид барои рушди истеҳсолоти саноатӣ, истеҳсоли молу маҳсулоти баландсифат, афзоиш додани содирот ва пайдо кардани мавқеи сазовор дар бозори ҷаҳонии молу хизматрасонӣ ниҳоят муҳим мебошад. Аз ин лиҳоз, ворид намудан ва истифодаи васеи технологияҳои муосири инноватсионӣ, баланд бардоштани сатҳи касбияти соҳибкорон ва қобилияти идоракунии онҳо, ҷорӣ намудани усулҳои муосири менеҷменти сифат ва омодасозии кадрҳо омилҳои асосии ноил шудан ба ин ҳадаф мебошанд.Дар навбати худ, Агентии Тоҷикстандарт ва зерсохторҳои он ҳамчун таъминкунандаи инфрасохтори сифат доир ба масъалаҳои сифат, бехатарии молу маҳсулот, кору хизматрасониро таҳти назорат қарор дода, ба рушди бемайлони соҳибкории хурду миёна, баланд бардоштани сифати маҳсулот, рақобатпазирии маҳсулоти воридотивазкунандаи ватанӣ, ҳамзамон, ҳифзи бозори истеъмолии кишвар, дар таъминоти истифода ва риояи қоидаҳои савдо ва низоми ченаки ягона дар ҷумҳурӣ, пайваста кор бурда истодааст.Имрӯзҳо давлати тозаистиқлоли мо ба марҳилаи рушд ворид гардида, дар ин замина, ҳамзамон, давра ба давра ба стандартизатсияи пешқадами ҷаҳонӣ мутобиқ шуда истодааст. Сиёсати пешгирифтаи Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бунёдкорона ва созанда буда, ин иқдомро мо бояд бо дили гарму рӯҳи болида, ифтихори миллию ҳисси ватандӯстӣ ва самимияти бепоён нисбат ба халқу Ватани хеш, дастгирӣ намоем.