28 September 2026
14 октябри соли 2025 дар доираи таҷлили Рӯзи соҳибкорон ва Рӯзи умумиҷаҳонии стандартҳо дар Муассисаи «Оши палав» маросими тантанавии супоридани ҷоизаҳо ба ғолибони Озмуни «Маҳсулот ва хизматрасонии беҳтарин дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» баргузор гардид.
Маросими ҷоизасупорӣ ба ғолибон аз соати 10-00 дар Муассисаи «Оши палав» бо тантана оғоз шуда, барои супоридани ҷоиза ва мукофотҳои ғолибони озмун намояндагони Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, вазорату кумитаҳои давлатӣ ва намояндагони ассосиатсияҳои соҳибкорон даъват шуда буданд.
Маросими ҷоизасупориро муовини якуми директори Агентии Тоҷикстандарт Мирзоён Раҳмоншо оғоз намуда, меҳмонон ва соҳибкоронро хайрамақдам гуфт.
Сипас, муовини сардори Раёсати инфрасохтори Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳимзода Тоҷиддин соҳибкоронро аз номи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ин муваффақият шодбош гуфта, ҷиҳати минбаъд низ беҳтар намудани сифат ва рақобатпазирии маҳсулоти ватанӣ ва саҳм гузоштан дар рушди иқтисодии мамлакат изҳори ақида намуд.
Ёдовар бояд шуд, ки доир ба баргузории озмун аз моҳи май то моҳи июл корҳои тарғиботӣ ва фаҳмондадиҳӣ оғоз шуда буд. Ҷиҳати иштирок ба озмуни мазкур дар миқёси ҷумҳурӣ, дар маҷмуъ, 364 корхона ва ташкилотҳои хизматрасон дархост пешниҳод карданд. Озмун дар ду давра гузаронида шуд. Моҳи май даври вилоятию минтақавӣ ба анҷом расид ва аз шумораи умумии дархостдиҳандагон тибқи баҳогузории комиссияи вилоятии минтақавӣ 116 корхонаю ташкилот ба даври ҷумҳуриявӣ роҳ ёфтанд.