Санаи 25-уми сентябри соли 2025 дар шаҳри Тошкенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон, дар бинои Пажӯҳишгоҳи миллии метрологии Ӯзбекистон (УзНИМ) таҳти сарпаратии Созмони ҳамкориҳои Авруосиёгии мақомоти миллии метрологӣ (COOMET) бо иштироки роҳбарони Бюрои…
Санаи 25-уми сентябри соли 2025 дар шаҳри Тошкенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон, дар бинои Пажӯҳишгоҳи миллии метрологии Ӯзбекистон (УзНИМ) таҳти сарпаратии Созмони ҳамкориҳои Авруосиёгии мақомоти миллии метрологӣ (COOMET) бо иштироки роҳбарони Бюрои байналмилалии ченак ва вазн, мизи мудаввар дар мавзӯи “Мушкилот ва имкониятҳои CIPM MRA (Созишнома оид ба эътирофи мутақобилаи Кумитаи байналмилалии вазну ченак)” ва роҳбарони мақомоти миллии давлатҳои аъзо дар сатҳи баланд баргузор гардид, ки дар кори он директори Агентии Тоҷикстандарт муҳтарам Раҳмон Исломиддин Хайриддин ва ҳайати кории Агентӣ иштирок намуданд.
Дар ҳамоиш, инчунин, директори Бюрои байналмилалии ченаку вазн (BIPM) бо ҳайати кории худ ва роҳбарону намояндагони ташкилотҳои байналмилалии метрологӣ, аз ҷумла, SIM, EURAMET, COOMET, AFRIMET, APMP, GULFMET ширкат доштанд.
Ҳадафи мизи мудаввар баррасии камбудиҳо ва имкониятҳои глобалии CIPM MRA, табодули таҷриба ва муайян кардани қадамҳои аввалин барои аъзо шудан ба Бюрои байналмилалии ченак ва вазн буд.
Ҳамзамон, дар ҳамоиш маърӯза ва силсила презентатсияҳо дар мавзӯҳои “Нақши стратегии CIPM MRA дар системаи байналмилалии андозагирӣ”, “Таъсири он ба давлатҳо ва иқтисодиёти миллии онҳо”, “Эътирофи байналмилалии натиҷаҳои андозагирӣ”, “Коҳиш додани хароҷоти такрорӣ”, “Мусоидат ба тиҷорат ва қабули талаботи меъёрӣ”, “Мустаҳкам намудани инфрасохтори миллии сифат”, “Имкониятҳо ва имтиёзҳо барои давлатҳо”, “Монеаҳои умумӣ: захираҳо, таҷриба, иштирок дар муқоиса, дастгирии миллӣ” ва “Чӣ тавр ҷомеаи ҷаҳонии метрология ба кишварҳо барои бартараф кардани онҳо кумак мекунад” шунида шуданд.
Дар самти рушди таъмини ченаки ягона Агентии Тоҷикстандарт бо ташкилоти байналмилалӣ, муассиса ва пажӯҳишгоҳҳои метрологӣ ҳамкориҳоро тақвият дода, дар ин замина иштироки намояндагони Агентӣ дар ҷаласаву семинарҳои байналмилалӣ баҳри омӯзиши таҷрибаи давлатҳои пешрафта ва татбиқи он дар фаъолият аҳамияти муҳим дорад.