РИОЯИ ТАЛАБОТИ ҲУҶҶАТҲОИ МЕЪЁРИИ ТЕХНИКӢ – ОМИЛИ БЕХАТАРИИ МАҲСУЛОТ
Санаи 11 - уми сентябри соли ҷорӣ дар бинои Раёсати Тоҷикстандарт дар шаҳри Кӯлоб семинар машварат бо соҳибкорон ва истеҳсолкунандагони маҳсулоти намак баргузор гардид. Дар кори он муовини директори Агентии Тоҷикстандарт Рустамзода Малоҳат, сардори Раёсати бамеъёрдарории техникӣ ва стандартонӣ Ашӯрзода Суҳроб, сардори Раёсати Тоҷикстандарт дар шаҳри Кӯлоб Сайдализода Ҷурахон, сардори шуъбаи тасдиқи мутобиқати системаи идоракунии сифат Воҳидзода Азалшоҳ ва дигар кормандони раёсати мазкур ширкат намуданд.
Нахуст Рустамзода Малоҳат баромад карда, иброз намуд, ки боиси ифтихор аст, ки ба шарофати роҳбарии хирадмандонаи Пешвои муаззами миллат вазъи иқтисодию иҷтимоии кишварамон имрӯзҳо рӯ ба беҳбудӣ ниҳода, дар соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқи мамлакат дигаргунию пешрафтҳои арзанда ба назар мерасанд.
Тавре маълум аст, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон рушди соҳибкорӣ ва сармоягузориро яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иқтисодӣ эълон намудааст. Солҳои охир дар соҳаи пешбурди соҳибкорӣ ва ҷалби сармоя як силсила ислоҳот, ки ба беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ, кам кардани монеаҳои маъмурӣ ба фаъолияти хоҷагидории субъектҳои соҳибкорӣ равона гардидаанд, анҷом дода шуд.
Дар ин замина, Агентии Тоҷикстандарт низ ҳамчун мақомоти марказии идоракунии ҳокимияти давлатӣ ба рушди бемайлони соҳибкории хурду миёна ва баланд бардоштани сифати маҳсулот, ҳифзи бозори истеъмолии кишвар, дар таъминоти истифода ва риояи қоидаҳои савдо ва системаи ченаки ягона дар ҷумҳурӣ, кор бурда истодааст.
Дар идома қайд гардид, ки истеҳсоли намак як раванди мураккаби бисёрмарҳила буда, аз истихроҷи ашёи хом, тоза кардан аз ифлосиҳои механикӣ ва химиявӣ, ғанӣ гардонидан бо элементҳои фоиданок, хушк кардан ва майда кардан иборат аст. Барои ба даст овардани маҳсулоти хушсифат таҷҳизоти ҳозиразамон ва қатъиян риоя кардани технология зарур аст.
Дар баробари ин, йоднок намудани намак аҳамияти аввалиндараҷа дошта, ба ин масъала мебояд диққати зарурӣ дода шавад. Аз ин рӯ, дар соли 2002 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи йоднокгардонии намак» қабул гардидааст. Тибқи он тамоми намаке, ки дар қаламрави ҷумҳурӣ истеҳсол ва ба фурӯш бароварда мешавад, бояд ҳатман йоднок карда шавад.
Дар самти баланд бардоштани сифати маҳсулот ва рақобатпазир гардонидани он ва дар ин замина ба вуҷуд овардани имконоти содиротии молу маҳсулот, амалӣ намудани чорабиниҳо оид ба ҷорӣ намудани низоми идоракунӣ дар самтҳои мухталифи фаъолияти корхонаҳо аз он ҷумла – сифат, муҳити зист, муҳофизати меҳнат ва амсоли инҳо Воҳидзода Азалшоҳ баромади пурмуҳтавое анҷом дод.
Сардори Раёсати Тоҷикстандарт дар минтақаи Кӯлоб Сайдализода Ҷурахон таъкид дошт, ки мутахассисони Раёсат бо корхонаҳои истеҳсолии минтақа ҳамкориҳои зич дошта, ба онҳо ҷиҳати пешрафти фаъолияташон кумакҳои амалӣ менамоянд. Ҳамчунин, онҳоро бо ҳуҷҷатҳои меъёрии техникӣ таъмин намуда, барои беҳтару хубтар ва бозоргир гардидани маҳсулоти истеҳсолнамудаи онҳо тавсияҳо медиҳанд.Ёдовар бояд шуд, ки баъди анҷоми семинари мазкур ҳайати гурӯҳи корӣ аз раванди фаъолияти Ҷамъияти саҳҳомии кушодаи «Хоҷа Муъмин», ки яке аз калонтарин корхонаи истеҳсолкунандаи намак дар ҷумҳурӣ маҳсуб мешавад, дидан кардан. Корхонаи мазкур дар доманаи кӯҳи намаки Хоҷа Муъмин, 5 километр дур аз шаҳраки Восеъ ҷойгир мебошад.