Дар доираи таъмини сифат ва бехатарии маҳсулот, ҳифзи бозори истеъмолӣ аз молу маҳсулоти пастсифату ба саломатӣ хатарнок ва ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон аз тарафи мутахассисони Агентии Тоҷикстандарт дар нуқтаҳои савдою бозорҳо ва хӯроки умумӣ корҳои назоратӣ ва тавзеҳотию фаҳмондадиҳӣ, гузаронида мешавад.
Дар рафти гузаронидани корҳои фаҳмондадиҳӣ аз соҳибкорон даъват ба амал оварда мешавад, ки молҳои пастсифат ва ё муҳлати истеъмолиашон гузаштаро ба фурӯш нагузоранд ва барои нобудсозӣ ва аз муомилот баровардани ин гуна молу маҳсулот ба Агентии Тоҷикстандарт муроҷиат кунанд.
Натиҷаи корҳои фаҳмондадиҳӣ буд, ки дар семоҳаи дуюми соли 2025 ба дастгоҳи марказии Агентӣ аз тарафи соҳибкорони масъулиятшинос 98 027 кг ва дар маҷмуъ, дар миқёси ҷумҳурӣ 228,6 тн маҳсулоти гуногуни хӯроквории муҳлати истеъмолиаш гузашта, аз қабили маҳсулоти қаннодӣ, хурмо, консерваҳо, маҳсулоти нонӣ ва дигар намуди маҳсулот барои нобудкунӣ пешниҳод гардид ва ҳамаи он дар ҳузури комиссия пура несту нобуд карда шуд.
Ёдовар бояд шуд, ки Агентии Тоҷикстандарт пайваста тариқи расонаҳо ва овезаҳои тарғиботӣ истеъмолкунандагонро ҷиҳати поймол нагардидани ҳуқуқҳои истеъмолиашон огоҳ менамояд. Ҳамчунин, дар ҳолати рӯй додани чунин вазъият метавонанд ба мақомоти дахлдор, хусусан, ба Агентии Тоҷикстандарт муроҷиат кунанд.