Чанде пеш, дар Агентии Тоҷикстандарт дар мавзӯи «Риояи талаботи стандарти байналмилалии ISO 45001 системаи менеҷменти ҳифзи саломатӣ ва таъмини бехатарии меҳнат» семинари омӯзишӣ баргузор карда шуд. Дар кори семинар намояндагони корхонаҳои истеҳсолии ватанӣ, мутахассисони Агентии Тоҷикстандарт ва намояндагони Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Хадамоти назорати давлатӣ дар соҳаи меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ ва намояндагони Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ширкат намуданд.
Ҳамоишро муовини директори Агентии Тоҷикстандарт Малоҳат Рустамзода ифтитоҳ карда, аз ҷумла баён дошт, ки ҷорӣ намудани системаи менеҷменти сифат тибқи стандартҳои байналмилалӣ барои фаъолияти соҳибкории хурду миёна дар шароити имрӯза хело муҳим ба ҳисоб меравад. Ин як омили нави ёрирасон барои ташаккул ва рушди соҳибкории хурду миёна дар омӯзиши сегментатсияи бозор мебошад.
Таъкид гардид, ки тибқи маълумоти Созмони байналмилалии меҳнат (International Labour Organization, ILO) ҳамарӯза ҳазорҳо нафар бар асари садамаҳо ё бемориҳо дар ҷойи кор мефавтанд. Дар ҳоле ки метавон чунин ҳолатҳоро пешгирӣ намуд ва ё аз рӯи масали “Илоҷи воқеа пеш аз вуқӯъ” бояд амал кард. Вобаста ба пешрафти ҷомеа, стандарти байналмилалии ISO - 45001 «Системаи менеҷменти бехатарии меҳнат ва ҳифзи саломатӣ» барои ноил шудан ба ин ҳадаф пешбинӣ шудааст. Лозим ба зикр аст, ки натиҷаи ниҳоии истифодаи стандартҳои байналмилалӣ ва ҷорӣ намудани системаи менеҷменти бехатарии меҳнат ва ҳифзи саломатӣ ба корхонаю ташкилот имконият медиҳад, ки ҳифзи саломатии кормандон, беҳтар намудани шароити меҳнат, пешгирии осеб ва захмдоршавиро дар истеҳсолот таъмин намоянд ва нишондиҳандаҳои худро дар самти бехатарии меҳнат ва ҳифзи саломатӣ баланд бардоранд. Омили мазкур ба беҳтаршавии сифати мањсулот, болоравии нишондиҳандаҳои истеҳсолию рақобатпазирии маҳсулот ва дар ин замина мусоидат ба рушди иқтисод, ки мақсади асосии ҳар як корхонаю ташкилот ба ҳисоб меравад, бевосита таъсир мерасонад.
Бо дарназардошти талаботи замони муосир ҷорӣ намудани низоми стандарти байналмилалии ISO – 45001 «Системаи менеҷменти бехатарии меҳнат ва ҳифзи саломатӣ» дар корхонаву ташкилоти мамлакат, (аз ҷумла, дар корхонаҳои истеҳсолию хизматрасонӣ, ширкатҳои сохтмонӣ) хеле боманфиат хоҳад буд. Зеро ин амал, пеш аз ҳама барои баланд бардоштани сифати идоракунӣ дар корхона, шаффоф гардонидани равандҳои истеҳсолӣ барои муштариён, зиёд намудани самаранокии ширкат, фароҳам овардани шароити мусоиди корӣ, кам кардани хатарҳо, баҳтар намудани сифат ва бехатарии махсулоти тайёр, ҳамоҳанг намудани системаи идоракунии сифат бо системаҳои соҳавӣ ва тақсим намудани масъулият дар байни роҳбарон ва кормандон мусоидат мекунад.
Дар идома намояндагони вазорату идораҳои марбута оид ба талаботи санадҳои меъёриву ҳуқуқии дахлдор вобаста ба таъмини бехатарии солимии кормандон ва татбиқи амалии як қатор Конвенсияҳо, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади ҳифзи солимии меҳнаткашон онро дар солҳои гуногун қабул кардаст, суханронӣ намуданд.
Ҳамзамон, дар рафти мизи мудаввар мутахассисони Агентии Тоҷикстандарт низ баромади пурмуҳтаво карда, аз талаботу омилҳои пурра истифода бурдани таъмини бехатарӣ дар коргоҳҳо изҳори назар карданд.Дар анҷом иштирокчиёни дигар низ оид ба таҷрибаву фаъолияти худ фикру андешаашонро баён дошта, аз мутахассисон машварату маслиҳати муфид гирифтанд.