Тибқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рӯзҳои ид» 25 май дар Тоҷикистон Рӯзи кормандони соҳаи стандартизатсия ва метрология муқаррар карда шудааст.
Лозим ба зикр аст, ки дар радифи идҳои тақвимии сол таҷлил гардидани Иди касбии кормандони соҳаи стандартизатсия ва метрологияи Тоҷикистон баёнгари муҳимияти бахши стандартонӣ ҷиҳати рушди иқтисоди миллӣ, муайян намудани сифати молу маҳсулоти истеҳсоли ватанию воридотӣ, дар маҷмуъ дастгирии соҳибкорӣ ва ҳифзи бозори истеъмолии мамлакат мебошад.
Ба ин муносибат ҳамаи шуморо самимона табрик гуфта, бароятон саломативу хушбахтӣ ва сарбаландиву хонаободӣ орзу менамоям.
Баъди соҳибистиқлол шудани Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти Тоҷикстандарт дар самтҳои стандартизатсия, метрология, сертификатсия ва нозироти савдо мунтазам такмил ёфта, ба комёбиҳои нав ба нав ноил гардид, ки дар пешбурди кори он ҷавонони солҳои аввали истиқлол ва ҳамзамон, ҷавонони имрӯз нақши бориз доранд.
Хушбахтона, имрӯз Агентии Тоҷикстандарт ҳамчун мақомоти миллии соҳаи стандартонӣ ва метрологияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шумор рафта, дар ташкилотҳои байналмилалии соҳа Тоҷикистонро муаррифӣ менамояд.
Басо гуворо аст, ки дар натиҷаи меҳнати шоистаи кормандон имрӯз Агентии Тоҷикстандарт дар байни ҷомеа нуфузу мартабаи худро пайдо намудааст. Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва махсусан Пешвои миллат Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба мақомоти мо таваҷҷуҳи хоса доранд ва ин моро водор менамояд, ки минбаъд низ баҳри рушди соҳа ва хизмат ба мардуми кишвар боз ҳам бо масъулияти дучанд адои вазифа намоем.
Тибқи салоҳиятҳои муқарраршуда, мақомоти мо системаи стандартикунонӣ, метрологӣ, сертификатсия ва ба танзим даровардани қоида ва меъёрҳои савдоро дар бозори истеъмолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун воситаи баланд бардоштани сифати молу маҳсулот дар ҳама соҳаҳои хоҷагидории мамлакат амалӣ мегардонад.
Қайд кардан ба маврид аст, ки амалишавии чунин иқдомҳо барои рушди истеҳсолоти ватанӣ ва боз ҳам баланд бардоштани сифатнокӣ ва рақобатпазирии маҳсулоти ватанӣ заминаҳои мусоид мегузоранд.
Дар баробари иҷрои вазифаҳои хизматӣ, инчунин, тасмим гирифтаем, ки бо такя ба неруву зеҳнияти кормандон боз якчанд чорабиниҳои муҳим, аз ҷумла, тибқи нақша озмуни ҷумҳуриявии “Маҳсулот ва хизматрасонии беҳтарин дар Ҷумҳурии Тоҷикистон”-ро дар сатҳи баланд гузаронем.
Ҳамаи ин ҷидду ҷаҳд масъулият ва муносибати ҷиддиро ба иҷрои вазифа аз ҳар кадоми мо тақозо дорад. Тавре ки таъкид намудем, раванди пешрафти ҷамъият аз мо талаб менамояд, ки бо дили гарму масъулияти дучанд кору фаъолият кунем ва баҳри он кӯшиш намоем, ки аз уҳдаи боварию эътимоде, ки Ҳукумати Ҷумҳурӣ ва аҳли ҷомеа нисбат ба мақомоти мо зоҳир намудаанд, сарбаландона бароем ва кӯшиш намоем, ки ҳар яки мову шумо дар татбиқи амалии вазифаву мақсадҳое, ки Сарвари давлат дар назди ҷомеа гузоштаанд, саҳми арзанда ва назаррас дошта бошем ва чӣ хеле, ки Пешвои муаззами миллат таъкид намуданд, «Вазифаи мо - хизматчиёни давлатӣ - хизмат кардан ба халқ аст».
Бинобар ин, ҳамаамон дастҷамъона метавонем барои амалӣ намудани ҳадафҳои стратегии мамлакатамон собитқадамона талош варзем ва ватани ягонаамонро боз ҳам ободу зебо гардонем ва мақоми ҷумҳуриро дар арсаи байналмилалӣ таҳким бахшем.
Бо мақсади ба натиҷаҳои баланди меҳнатӣ сазовор гардидан ва сарбаландона ба иҷро расонидани вазифаҳои хизматӣ дар фаъолияти минбаъда ба ҳамаи Шумо муваффақиятҳо орзу дорам.